formula
Хабарнигори “СССР” Баҳодур Уроқовро ба хок супурданд
974

 

Пайвандони ҷигархун, хешу ақрабо, ёру дӯстон ва аҳли фарҳангу ҳунар нимаи аввали рӯзи 12- декабр бо қалби хунчакону дидаи гирён бо журналисти ҷавон Баҳодур Уроқов абадан хайрбод гуфтанд.

Ҷанозаи ин эҷодкори ғуррамарг дар зодгоҳаш - шуъбаи чоруми хоҷагии ба номи Ф. Саидови ноҳияи Кӯшониён барузор гашт.
Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР” дар водии Вахш аз моҳи ноябр барои табобати бемории ҷигар дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, маъруф ба “Беморхонаи Қараболо” қарор дошт, аммо талошҳои табибон баҳри наҷоти ҷонаш ягон самар надоданд. Ин марди қаламкаш рӯзи 11 декабр дар ҳамин бемористон бо дили пурормон аз олам гузашт. Баҳодур ҳамагӣ 42 сол дошта, аз ин ҷавонмарди баномус 6 фарзанди хурдсол ятим монданд.
Сайёфи Мизроб, муассиси ҳафтаномаи “СССР” дар маросими видоъ бо Уроқов гуфт, Баҳодур танҳо журналист не, балки фарзанди “СССР” буд ва дар ҳамин нашрия ҳамчун журналист парвариш ва обутоб ёфта, ба камол расид. Мансабдорони зиёди баландпоя, аз ҷумла раиси вилояти Хатлон, раисони шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, раиси ноҳияи Кӯшониён ва раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода, ки дар рӯзи марги Баҳодур Уроқов бародари дугоники ӯ Ҳусейн Асадуллозода ҳам ба зиндагӣ падруд гуфт, дар робита ба марги журналисти нашрияи “СССР” номаҳои таслият фиристодаанд. Сайёфи Мизроб гуфт, муаллифони ин номаҳои тасаллият мансабдоронеанд, ки Баҳодур Уроқов танқидашон мекард, вале азбаски танқидҳояш созанда ва бодалел буданд, дар рӯзи маргаш ин мансабдорон барои даргузашти журналисте, ки танқидашон мекард, тасаллият навиштаанд.”
Баҳодур рафт,аммо ёди некаш дар дили ёру дӯстонабадан боқӣ хоҳад монд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД