Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040” хабар дод.
Ба гуфтаи масъулон, татбиқи ин стратегия метавонад яке аз мушкилоти доимии ҷомеа - паст будани суръат ва гаронии нархи интернетро тадриҷан ҳал намояд.
Яке аз меҳварҳои асосии стратегия навсозии куллии зерсохтори алоқа ва фароҳам овардани дастрасии васеъ ба интернети босуръат арзёбӣ мешавад. Дар доираи ин барнома ҷорӣ намудани фанновариҳои муосир, аз ҷумла интернети 4G ва 5G, васеъ кардани шабакаҳои нахи нурӣ ва рушди алоқаи моҳвораӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре Хадамоти алоқа иттилоъ медиҳад, яке аз ҳадафҳои муҳими стратегия фарогирии пурраи аҳолӣ бо интернет мебошад. Махсусан таъкид мешавад, ки ҳатто дар маҳалҳои дурдасте, ки зиёда аз 700 сокин доранд, дастрасӣ ба интернети босифат таъмин хоҳад шуд. Ин иқдом ба коҳиши “нобаробарии рақамӣ” миёни шаҳру деҳот равона гардида, метавонад имкониятҳои нави таҳсил, тиҷорат ва хизматрасониро барои сокинони деҳот фароҳам орад.