Arzon march 2024
Хадича чӣ тавр чанд ҳунарро омӯхт?
06.04.2024
ОИЛА.ТҶ
480

 

Замбурӯғ яке аз маҳсулоти маъмули серғизои баҳорӣ буда, барои аксарият хӯрдании дӯстдошта ба шумор меравад.

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки замбурӯғро танҳо дар баҳорон пайдо кардан мумкин аст, вале қаҳрамони навбатии мо бо заҳмату талошҳои пайваста замбурӯғро дар тамоми фасли сол ба мардум пешкаш менамояд.

Қурбонова Хадича ду сол аст, ки дар маҳаллаи Обшорони ноҳияи Данғара ба парвариши чанд навъи замбурӯғи хонагӣ машғул аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар аввал барояш ин кор душвор будааст, вале пас аз омӯзишҳои пайваста тавонистааст ин меваи баҳориро дар тамоми фаслҳои сол парвариш намояд.

Албатта, парвариши замбурӯғ нисбат ба парвариши сабзавот ягон умумият надорад, аммо омӯхтани сирри кори он душвор нест. Нозукии асосии парвариши босамари замбурӯғ дар хона, фароҳам овардани шароити дуруст ва харидани маводи ниҳолшинонӣ мебошад. Ҳоло ин зани меҳнатдӯст дар таҳхонаи манзили худ ин навъи маҳсулотро омода карда, ба бозор барои фурӯш мебарорад. Ӯ мегӯяд, маблағи савдо як василаи рӯзгузаронӣ барои Хадича ва фарзандонаш аст. Замбурӯғ хӯрдании на танҳо болаззат, балки ба саломатӣ фоидабахш низ аст. Хадича барои харидорони маҳсулоти худ сифати хубро кафолат медиҳад.

Замбурӯғ муҳити торик, хунук ва намиро дӯст медорад. Дар шароити хона замбурӯғро дар таҳхона ва дигар ҷойҳои салқин ва торику намнок парвариш кардан мумкин аст. Дар хона замбурӯғ бе хок бо иловаи ғалла ва коҳ мерӯяд. Вобаста аз намуди замбурӯғ, инчунин барои парвариши он чӯб, картон ё омехтаи дигар маводҳо (ҷуворимакка ва пӯст)-ро истифода бурдан мумкин аст. Замбурӯғҳо дар муҳити табиии худ метавонанд аз 3 то 6 сол афзоиш ёбанд. Назорат ва ғизои хуб муддати афзоиш ёфтани онро ба маротиб метезонад.

- Вақте шумо зина ба зина ба хӯрдан тайёр шудани замбурӯғҳоро мебинед, бовар мекунед, ки ин навъи замбурӯғи парваридаи ман заҳрнок набуда, ба саломатӣ фоидаовар аст,- мегӯяд ӯ.

Тавре қаҳрамони мо қайд менамояд, аксари навъҳои замбурӯғҳоро, ки маъмулан дар пухтупаз истифода мешаванд, дар хона парвариш кардан мумкин аст, аз ҷумла навъҳои пурарзиш, ба монанди рейши, мандарин ва шиитаке. Ин навъи замбурӯғҳо дар ҳарорати муқаррарии хона хуб мерӯянд ва дар ошхона барои ороиши питса, тайёр кардани шӯрбои қаймоқӣ, салатҳо ва ғайра истифода мешаванд.

Хадича Қурбонова мегӯяд, ки парвариш вақти зиёди ӯро намегирад. Ин зан дар маҳалла кошонаи ҳусн низ дорад ва рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе арӯсонро омода карда, ба хонаи бахт гусел мекунад.

- Пешакӣ арӯсонро номнавис мекунам ва дар рӯзҳои тӯй онҳоро омода мекунам. Муштарии зиёд дорам, зеро дар маҳалла ягона нафар ҳастам, ки дар ин самт фаъолият мебарам,- меафзояд ӯ.

Новобаста аз ин, Хадича боз вақт ёфта, дар таваллудхонаи маҳалла кор мекунад. Бо вуҷуди он ки шавҳараш ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, Хадича мехоҳад барои пешравии зиндагиашон аз як гӯшаи рӯзгор бигирад ва ба марди хонадон кумак расонад. Ин зани 45- сола, ки соҳиби ду набера аст, дар анҷоми суҳбатамон чунин қайд намуд:

- Субҳ аз хоб хеста, як-ду соат бо нигоҳубини замбурӯғҳо машғул мешавам, баъдан ба таваллудхонаи маҳалла ба кор меравам. Албатта барои як зан фаъолият дар чанд самт душвор аст, вале дар урфият гуфтаанд, ки “то дастат наҷунбад, даҳонат намеҷунбад”. Шукри Худованд, рӯзамон пеш меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД