Commerc banl
“Харбузаи”-и машҳури Ҳисорро мефурӯшанд
123

Бинои чойхонаи машҳури “Харбуза”-и шаҳри Ҳисор аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудааст.

Арзиши бинои мазкур беш аз 34,9 миллион сомонӣ муайян гаштааст, ки зиёда аз 3 млн долларро ташкил медиҳад. Музояда рӯзи 11-уми март баргузор хоҳад гашт.

“Харбуза” якуним сол боз дар фурӯш аст, вале то ба ҳол харидори худро пайдо накардааст. Сабаби ба фурӯш нарафтани биноро масъулини Корхонаи воҳиди давлатии ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар баланд будани нархи он маънидод карда, гуфтаанд, ки 8 маротиба эълони фурӯши бинои Чойхонаи миллии “Харбуза”-ро гузоштаанд, аммо ҳеҷ кас барои хариди он муроҷиат накардааст.

Чойхонаи миллии “Харбуза” дар майдони 4,7 гектар бунёд гашта, дар сохтмони он ҳудуди 35 млн сомонӣ сарф шудааст. Бинои мазкурро 650 нафар сохтмончиён дар муддати як сол сохтаанд.

Ёдрас мешавем, ки баъди муфлис шудани “Агроинвестбонк” чойхонаи миллии “Харбуза” ба фоидаи давлат мусодира карда шуда, ба фурӯш гузошта шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД