goodwell
Харитаи роҳ, қутоспарварӣ ва рушди савдо байни Тоҷикистону Муғулистон
165

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ табодул карда шуд.

Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлкат мусоидат менамояд. Дар доираи ин ҳуҷҷат ҷонибҳо боздиди мутахассисони кишоварзии Муғулистонро аз Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хокшиносиро ба роҳ мемонанд.

Бо мақсади рушди қутоспарварӣ ва беҳтар намудани зоти қутос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар масъалаи харидории қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ва мубодилаи маводи зотпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорвои хурд ва калони ширӣ, гӯштию ширӣ ва гӯштӣ низ бештар мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД