Arzon march 2024
Хатои ҷавонӣ як умр бадбахтам кард
4244

Ман духтари шаҳрияму дар дил орзую ҳавасҳои зиёде доштам, аммо афсӯс ...

 
Он вақт аз куҷо медонистам, ки чархи фалак чунин гардишҳои қисматшикан дораду ишқи номарде тамоми орзуву ҳавасҳоямро ба боди хазон медиҳад. Намедонам, ки аз тақдир буд, ё аз соддагӣ, ки бо дасти худ хешро бадбахт кардам.

Дар оилаамон духтари эрка будам. Аммо азбаски волидонам ниҳоят одамони ҷиддӣ буданд, аз ишқу муҳаббат бехабар ба камол расида, дар олами хаёлотҳои рангини худ саргардон будам. Хаёлан худро донишҷӯ тасаввур карда, тулӯи бахтро танҳо дар омӯхтани илму ҳунар ва соҳиби кори дилхоҳ шудан медидам. Зеро, то он рӯз дунёи поки кӯдакӣ буду халос, аммо...

Яке аз рӯзҳои баҳорӣ бо ҳамроҳии дугонаҳоям хуришҳои болаззат гирифта, ба сайри боғ баромадем. Ҳангоми бозгашт дар роҳ бо ҷавони зебое, ки Ҳусейн ном дошт, шинос шудам. Аз байни ҳамон қадар духтари зебо Ҳусейн маро интихоб кард ва бо ман чун дӯсти наздики худ суҳбат мекард. Шояд таъсири ҳамин суханони самиминамояш буд, ки ман ба ӯ рақами телефону суроғаамро додам.

Ҳамин тавр, аввал суҳбатҳои телефонӣ ва баъдан вохӯриҳои мо сар шуд. Рӯз то рӯз бо якдигар наздик мешудем. Борҳо ба худ суол медодам, ки ин чӣ муаммост? Чаро аз байни ҳамин қадар одам дили ман танҳо ӯро пазируфт? Барои чӣ бе ӯ зандигӣ ба чашмам дилгиру беранг метобад?


ЗАНИ САИДИ ЧУМО НАМЕШАВАМ!


 Ману Ҳусейн қариб як сол вохӯрдему ҷангҳои дохилӣ сар шуданд. Нооромӣ ва шароити вазнини иқтисодӣ моро аз якдигар ҷудо кард. Ӯ барои беҳбудии зиндагиашон ба Русия коркобӣ рафту ман бо дарду алами ҷудоӣ танҳо мондам.

Филми ҳунарии “Титаник”-ро шояд шумо дида бошед. Ба ёд оред: вақте ки киштии бузург ба садама дучор шуда шикаст, одамони зиёде бо пораҳои шикастаи киштӣ часпида, бо умед ба муқобили мавҷҳои хунхори баҳр мубориза бурданд, ки шояд ба қаиқи навбатӣ роҳ ёфта, аз чанголи марг эмин мемонанд.

Ман ҳам мисли мусофирони киштии Титаник шабу рӯз роҳ мепоидам. Роҳи Ҳусейнамро. Зеро зиндагиро бе Ҳусейн тасаввур карда наметавонистам. Шояд барои бисёриҳо ин суханони ман афсона намоянд, аммо онҳое, ки дар ҳақиқат ошиқ шудаанд, дарди маро бо хубӣ мефаҳманд.

Хулоса, бо умед роҳ мепойидам, ки шояд Ҳусейн бармегардаду ниҳоят ман ҳам ба муроди дил расида, соҳиби бахту тахти худ мешавам. Ва ниҳоят интизориҳои ман поён ёфт.


ШАВҲАР НАКАРДА, ҲОМИЛАДОР ШУДАМ


 Ҳусейн бо пули калон аз Русия баргашт. Аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Мисли гуле, ки аз нафаси гарму ҷонбахши баҳор мешукуфад, аз дидори Ҳусейн чеҳраам аз шодӣ рӯз то рӯз мешукуфт. Соатҳо тавассути телефон суҳбат мекардему пинҳонӣ аз падару модарам вомехӯрдем. Рӯз дар миён ҳамдигарро медидем, аммо аз дидори якдигар ҳеҷ серӣ надоштем.

Рӯзе Ҳусейн аз ман хоҳиш кард, ки дар хонаи яке аз дӯстонаш вохӯрем. Азбаски он рӯз санаи таваллуди Ҳусейн буд, ман бе ягон андеша розӣ шудам, чунки ба ӯ пурра бовар мекардам.

Вақте ба хонаи дӯсташ омадем, фаҳмидам, ки меҳмони ягонаи Ҳусейн ман ҳастаму мо ҳарду танҳо зодрӯзи ӯро ҷашн мегирем. Ӯ ба пурсишҳоям дар бораи дӯстонаш ҷавоб дод, ки мехоҳад ин рӯзро танҳо бо ман гузаронад. Дар атрофи мизи орододашуда хеле суҳбат кардем. Ҳусейн нӯшиду аз ман низ хоҳиш кард, ки ба саломатии сари ӯ нӯшам. Хоҳишашро рад кардам, вале Ҳусейн аз ман сахт ранҷид. Аз ин рӯ, маҷбур шудаму ба хотири ӯ нӯшидам. Намедонам таъсири шароб буд ё он доруи мадҳушкунандае дошт, ки дигар чӣ воқеа рӯй доданашро дар ёд надорам.

Чун ба худ омадам, худро дар бистар, дар оғӯши Ҳусейн дида, ҳуш аз сарам парид. Аллакай кор аз кор гузашта, ман номусамро бохта будам. Бо алам гиря кардам. Ҳусейн бошад, маро тасаллӣ дода, мегуфт, ки падару модарашро ба хостгорӣ мефиристад. Ба ваъдаҳои ӯ бовар карда, интизор мешудам. Муддате хушбахт будем, аммо баъд...

Рӯз то рӯз хислату рафтори Ҳусейн тағйир ёфта, пештара барин рафтор намекард. Ман ба вай зуд-зуд занг зада, аз ҳолаш пурсон мешудам, вале ӯ ба ман гап задан нахоста, баҳонаҷӯӣ мекард. Чун фаҳмидам, ки Ҳусейн аз ман дилхунук шудааст, дигар ба вай занг назадам. Аммо девонаи ишқи Ҳусейн будаму меҳри ӯро аз дил берун карда, наметавонистам. Намефаҳмидам, ки барои чӣ ӯ якбора аз ман рӯ гардонидааст ва маро намемонад, ки асли воқеаро фаҳмам.

Ҳусейн гӯё бар қасди ман рафтор мекарда бошад, падарашро баъди чанде барои хостгорӣ ба хоҳарам равон кард. Онҳо одамони баобрӯй ва калоншавандаанду тамоми маҳалла онҳоро мешиносанду эҳтиром мекунанд. Падару модарам аз хостгории чунин одамони бообрӯй ниҳоят шод шуда, онҳоро бо иззату икром пешвоз гирифтанд. Ҳусейн ба хоҳарам ҳам маъқул шуду волидонам хоҳиши хостгоронро пазируфта, онҳоро фотиҳа карданд, чунки аз муносибати ману Ҳусейн огоҳ набуданд. Хоҳарам ҳам дар ин бора чизе намедонад. Дарун-дарун месӯзам, вале худро бо азоб ба даст гирифта, ба касе лаб намекушоям.

Пас аз се ҳафта хоҳарамро бо Ҳусейн фотиҳа карданд. Ба ман ҳам хостгор омад. Ҳарчанд духтари калон бошам ҳам, ба онҳо розигӣ надодам. Охир, чӣ хел розӣ шавам, ки ҳам доман бохтааму ҳам ишқи Ҳусейнро аз дилам берун карда наметавонам.

Рӯзе маро модарам барои харид кардан ба бозор равон кард. Ҳангоми аз бозор баргаштан сари роҳамро ҷавоне гирифт. Ӯ ба ман чизе гуфтанӣ буд, вале ман бошам ба суханаш гӯш надода, бо қавоқи гирифта гузашта рафтам. Вале чун ба хона расидам фикрҳои гуногун ба сарам меомаданд. Дам ба дам аз худам мепурсидам, ки он ҷавон аз ман чӣ мехост? Кош ба гапаш гӯш медодам. Шояд дар бораи Ҳусейн бо ман суҳбат карданӣ буд? 

Саҳар барвақт хонаву ҳавлиҳоро рӯбу чин намуда, хостам ба майдончаи наздиҳавлигӣ об занам. Ногаҳон чашмам боз ба ҳамон ҷавон афтод. Вай ба ман чизе нагуфта, оҳиста-оҳиста рафтан гирифт. Хостам аз вай пурсон шавам, ки "Чӣ мехоҳад?", аммо вай бошитоб гузашта рафт.

Дар ҳайрат мондам. Чанд рӯз баъд ҳамроҳи дугонаам ба бозор рафтем. Нохост дар роҳ бо Ҳусейн вохӯрдем. Он ҷавоне, ки аз пасам мепоид, ҳамроҳи Ҳусейн буд. Ҳусейн маро дида, худро гум кард. Ҷавон бошад ӯро кашолакунон ба як тарафи дигари роҳ гузарониду дигар онҳо аз назари мо дур шуданд.


ҶИЯН ШӮЙИ АММАРО ГИРИФТ


 Ман пурсуҷӯ карда, фаҳмидам, ки он ҷавон Нозим ном дошта, як ошнои Ҳусейн будааст. Бинобар ин, бо маслиҳати яке аз дӯстонам, ки зани рӯзгордида будау Хайрӣ-апа ном дорад, амал карда, бо он ҷавон вохӯрдам, то асли воқеаро фаҳмам.

Дар ин дунёи фонӣ ба касе бовар карда намешудааст. Аз рӯи гуфтаҳои Нозим, вай ману Ҳусенйро дар кӯча ҳамроҳ дида, ба ман ошиқ шудаасту ба хотири хунук кардани дили Ҳусейн гуфтааст, ки гӯё ман аввал маъшуқаи ӯ будаам. Нозим мегӯяд, ки ин корро аз муҳаббату рашк кардааст, вале магар марди ҳақиқӣ нисбати дӯсташ чунин рафор мекунад? Акнун ҷавоби бахти шикастаи маро кӣ медиҳад? Нозими хоин ё Ҳусейни зудбовару номард?

Нозим гунаҳкорона ба чашмони пурашки ман нигариста, дарди ҷигарсӯзи диламро фаҳмид. Ӯ дарк кард, ки дар ҳақиқат ман Ҳусейнро самимона дӯст доштааму ҳеҷ гоҳ ӯро фаромӯш нахоҳам кард. Фаҳмид, ки хатоии бузургу нобахшидание содир кардааст, аммо дар ислоҳ намудани он оҷиз аст.

Ҳоло, ки тӯйи арӯсию домодии хоҳарам ва Ҳусейн барпо нашудааст, мехоҳам сирри худро ба волидонам бигӯям. Аммо хоҳарам Ҳусейнро дар дили худ ҷой додааст. Пас аз шунидани ин сухан оё аз ман рӯй намегардонда бошанд? Худ ба худ фикр мекунам, ки бо кадом роҳ худро аз шармандагию бадбахтӣ раҳо созам? Агар хомӯш монам, пас чӣ хел дар оянда ба рӯи хоҳарам, ба рӯи Ҳусейн ва ба рӯи хешу табору наздиконам нигоҳ мекунам? Чӣ хел ба хонаи хоҳарам меравам?

(Мавод аз архиви Оила, соли 2003)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД