arzon replenishment
Хоҷаи Хизрро хоб бинӣ бой мешавӣ
4233

 

Шаби гузашта пирамарди нурониеро хоб дидам, ки дар бар либоси сабз дошт ва аз осмон мефаромад. Лабонаш моил ба табассум буданд. Вай ҷониби ман даст афшонда, чизе мегуфт, аммо матлабашро нафаҳмидам. Хобамро ба бибӣ ва модарам гуфтам, вале таъбирашро гуфта натавонистанд. Мехоҳам “Оила” рамзи ин хоби маро кушояд.

Ф., хонанда
Посух

Мо тахмин мекунем, ки шумо Хоҷаи Хизрро хоб дидаед. Ин хоби хуб ва фолаш нек аст. Хоҷаи Хизр пайки худовандро ба банда мерасонад. Табассум кардани Хоҷаи Хизр дар хоб далели он аст, ки Офаридгор ба шумо хайру эҳсони бузург менамояд. Афроде, ки ин пайки Ҳақро хоб мебинанд, ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасанд. Камбағал чунин хоби нек бинад, бой мешавад, бемор шифо меёбад, бе фарзанд соҳиби фарзанд мегардад, умуман дар ҳаёти одами хобдида дигаргуниҳои хурсандибахш рӯй медиҳанд. “Хонаи Худо”-ро зиёрат намудан низ аз зумраи ҳамон хушхабарҳоест, ки Худованд дар хобашон ба василаи Хизр ба бандагони дӯстдоштааш расондан мехоҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки шарафи ҳоҷӣ шудан шуморо насиб гардад. Хайру эҳсон намуданро фаромӯш накунед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД