Хоб ва об - манбаи зебоӣ
10.01.2026
Oila.tj
53

Пӯсти хаста, халтаҳои таги чашм ва ранги заҳири рӯйро ҳатто бо малҳами қиматбаҳо пинҳон карда намешавад. Барои он ки чеҳраатон мисли гул шукуфон бошад, аз хоб сер кардан лозим аст. Хоби шумо бояд камаш 8 соат бошад.

Дар ҳавои тоза гаштугузор кардану бо варзиш машғул шудан ё бо қадамҳои тез ақаллан як соат гаштан, оббозӣ аввал бо оби хунук ва баъдан бо оби гарм ба пӯст таровату зебоӣ мебахшад. Сири дуюми зебоӣ дар ғизои солим ниҳон аст. Хӯроки шумо бояд саршор аз витаминҳо бошад. Кӯшиш намоед, ки бештар меваю сабзавоти тару тозаро истеъмол намоед. Ба ҷойи қаҳва чойи кабуд нӯшед, ин нӯшокии ҷонбахш на танҳо ба шумо нерӯ мебахшад, балки ифлосиҳои ҷисмро бароварда, варамро рафъ месозад.

Фаромӯш накунед, ки об манбаи асосии зебоист. Барои он ки чеҳраатон пажмурда нагардад, дар як рӯз на камтар аз 1,5 литр об нӯшиданатон лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД