sebiston july new
Хобномаҳои исломӣ (қисми2)
8707


Озах
Дар хоб озах бубинед, хабари хуш мешунавед.

Чалак (бочка)
Чалаки пур маънои сериву пурии хонадонро дорад. Чалаки холӣ аз нохушиву зарару зиён дарак медиҳад.

Даспона
Дар хоб даспона пушидани мард нишонаи он аст, ки мард дилсӯзӣ ва ғамхорӣ аст. Агар зан даспона пӯшад, хушнуд мегардад. Пӯшидани даспонаи нуқрагин нишонаи пурзӯрии имон аст. Пӯшидани даспонаи тиллоӣ аз содир намудани гуноҳ хабар медиҳад. Агар мард дар хобаш аз оринҷ боло даспона пӯшад, пас имконият ва нуфузи бародараш меафзояд. Рафту даспона шаддаҳои алоҳида дошта бошад, инсон гирифтори ташвишҳои зиёдатӣ мегардад, ки бо хоҳар ё бародараш алоқаманд аст.

Ғӯлачӯб
Дар хоб дидани ғӯлачӯб аз зиёд гаштани давлат дарак медиҳад.

Ришгирак
Хоб дидани ришгирак ба қаҳру ғазаб ва хусумату адоват ишора мекунад.

Риштарошӣ
Нафаре, ки дар хоб риш метарошад, оромӣ меёбаду аз беморираҳои чашму сар халос мешавад. Баъзан хоб дидани он мавзеи бадан, ки аслан тарошида намешавад, ба бадбахтиву мусибат ва талафот ишора мекунад. Сартарошӣ дар Ҳаҷ нишонаи бехатарӣ, баргардонидани қарз ва ғолибият аст.

Қайчӣ кардани мӯйи сар дар хоб нишонаи бехатарӣ аст. Рафту шахсе дар хобаш дар Ҳаҷ неву дар дигар ҷо сар тарошад, парҳезгору тақводор нест ва агар дӯсти ӯ ғам ё дошта бошад, аз ин бадбахтиҳо халосӣ меёбад.

Абрӯ
Агар мард абрӯ хоб бинад, соҳиби иззату ҳурмат ва шахси боэътимод мегардад. Агар дар хоб абрӯи мардро пайванд бубинед, ин нишонаи муҳаббату дӯстдорӣ аст. Абрӯи ба болои чашм афтида ба дарозумрӣ ишора мекунад. Дар хоб абруи ғафс доштан маънои онро дорад, ки инсон зиндагии шоистаеро ба сар мебарад.

Партофтан, чизеро ҳаво додан
Ҳар нафаре дар хобаш чизеро мепартояд ё ҳаво медиҳад, аз таҳқир дидани зани тақводоре далолат медиҳад. Дар хоб нишон гирифта партофтан ё парондина ва ба нишони худ расидан маънои онро дорад, ки инсон дар зиндагӣ ба мақсади худ мерасад, нафаре ки ба ҳадаф намерасад, шахсеро бо дашном меранҷонад.

Шим, шалвор
Дар хоб дидани шим аз зиндагии поку бегуноҳ шаҳодат медиҳад. Дар хоб пушидани шими нав аз зани бокира гирифтан нишон аст. Пӯшидани шим дар танаи лучи бе курта, нишонаи қашшоқӣ аст.
Марде, ки дар хоб шимашро афтида ё дарида мебинад, ба занаш хиёнат мекунад.

Доира, даф
Аксаран дар хоб дидани доира, нишонаи оиладор шудан аст. Агар дар хоб доира дар дасти зан бошад, соли пурнишоту такрорнашаванда меояд.

Дастагул
Дастагул аз гулҳои тару тоза нишондиҳандаи он аст, ки имкониятҳои наве пешорӯи шумо меоянд.
Дастагули гулҳои хушк аз хиёнати шахси наздик гувоҳ аст.

Коғаз
Дар хоб дидани коғаз маънои ба кори шубҳанок машғул шуданро дорад. Аз дасти одамони баобрӯ, амсоли имоми масҷид коғаз гирифтан ба зиёд гаштани обруву эътибори инсон ишора менамояд. Навиштан дар коғаз аз пайдоиши нобоварӣ байни одамоне, ки менависанд ва дигарон дарак медиҳад.

Шадда, донаҳои тасбеҳ
Дар хоб дидани шаддаҳои нишонаи боигарии бо роҳи осон ба дастомада ва ҳамзамон дониши беҳуда аст. Агар шадда дар фарш пош хӯрад, нохушиҳо пеш меоянд.

Барзагов
Ҳар нафаре, ки дар шумораи зиёди барзаговҳоро идора мекунад, агар имконият дошта бошад, роҳбари кишвар мешавад. Нишастан ба болои яке аз барзаговҳо фаровониву серию пурӣ мебинад. Дар хоб шунидани овози барзагов маънои ба роҳи дур баромаданро дорад. Агар барзагов инсонро аз по афтонад, он нафарро рӯзи маргаш наздик аст. Маоси барзагов нишонаи низоъ аст. Ба қурбонӣ бурдани барзагов дар хоб маънои онро дорад, ки шахси бадкирдоре шумоор ғолиб меояд. Барзаговро бе шох хоб дидан, нишонаи ҳамсуҳбат гаштан бо шахси пасту залил ё камбағал аст.

Гулдон
Гулдони пуроб дар хоб нишонаи он аст, ки дар ҷамъият гули сари сабад мегардед. Гулдони холӣ ё шикаста аз нохушиҳо нишон аст.

Хӯрокпазӣ
Ҳар нафаре, ки дар хоб хӯрок мепазаду хурокаш пухта тайёр мешавад, дар зиндагӣ ба мақсд мерасад. Рафту хӯрок бо гӯшти гӯсфанд бошад, шахси хобдида зиндагии хушу босаодатеро паси сар менамояд. Баъзе олимон бар онанд, ки пухтани хӯрок дар хоб нишонаи амалҳои неки инсон аст.

Сатил
Нафаре, ки дар хоб танҳо барои худ об мегирад, ҳама корро ба фоидаи худ ба анҷом мерасонад. Агар мард дар хобаш ба сатил об гирад, завҷааш писар таваллуд мекунад, рафту занаш ҳомила набошад, рӯзе ҳатман соҳиби писар мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шабушк дар хоб 2019-11-22, 13:04
Шабушк дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шабушк дар хоб 2019-11-22, 13:04
Шабушк дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД