Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила байни занони рӯзгордидаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» баргузор гашт.
Давлатбӣ Каримова аз ҷамоати деҳоти Лоҳур хушдомани беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ғолиби озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Тавре масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ зимни суҳбат бо хабарнигор Субҳониддин Маҳмуд гуфтаанд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва нигаҳдории анъанаҳои миллию ахлоқӣ баргузор гашта, мақсади асосии чорабинӣ нишон додани нақши хушдоман дар тарбия ва ташаккули шахсияти фарзандон ва дигар аъзои хонавода мебошад.
Озмун ба пойдории оила нигаронида шуда, ба довталабон аз рӯйи саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, ҷалби кӯдакон ва дигар аъзои хонавода ба касбу ҳунаромӯзӣ, солимии оила, тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Модар-Ватан баҳо гузошта шудааст.