Он солҳо телефони мобилӣ набуд. Одамон бо телефони хонагӣ суҳбат мекарданд. Гулноза дар курси чоруми донишгоҳ таҳсил мекард. Моҳи май, шаби иди Қурбон буд. Ҳамсабақон дар хобгоҳ ҷамъ омада, маслиҳат карданд, ки ба хонаи ҳамсабақашон Мавзуна мераванд.
Мавзуна дар хонаи сеҳуҷрагии бародари калониаш зиндагӣ мекард. Ӯ бисёр духтари хуб буд. Қариб 12 нафар ҳамсабақон, духтарону писарон барои идгардак ба хонаи ӯ раҳсипор шуданд. Мавзуна дастархони калони пурнозу неъмат кушода, мунтазири омадани ҳамсабақон буд.
Шишта, шӯхӣ карда, байни якдигар дар ҳар мавзуъ баҳс мекарданд. Нохост ба меҳмонхона ҷавонписари тахмин 20-сола ворид шуду боодобона “ассалом” гуфт. Чашмони сабзу бинии теғадор, абрӯвони сиёҳи пайваст ва қаду қомати баҳодуронааш бо як дидан Гулнозаи мағрурро мафтун кард. Ба қавли мардум, бо як дидан ошиқи зор шуд.
Мавзуна ӯро бо ҳамсабақон шинос карда, гуфт, ки “шинос шавед, ин кас додари ман, донишҷӯ аст. Ман дертар ба донишгоҳ ҳуҷҷат супоридам. Ӯ баробари шумо аст. Номаш Фирдавс”.
Гулноза мисли одами афсуншуда ба чашмони хумории духтаркуши ӯ нигариста, ба дил мегуфт: “Фирдавс, Фирдавси ман...”.
Фирдавс аввал ба Гулноза аҳамият надод. Аммо вақти хайрухуш гуфт:
- Мумкин аст ман ҳамроҳатон то хобгоҳи донишгоҳ сайр карда равам?
Онҳо розӣ шуданд. Фирдавс дар бари Гулноза паҳлу ба паҳлу рафта истода, гуфт:
- Чор сол аст, ки бо апаи ман ҳамсабақед, аммо ман шуморо то имрӯз надида будам.
- Ман ба хонаи шумо се навбат бо Мавзуна омада будам, вале шуморо надидаам.
- Акнун дидем.
Фирдавс ҳам бори аввал маззаи ишқро мечашиду намедонист, ки ин сония чӣ бигӯяд. Ҷуръат намекард. Дасту пойҳояш аз ҳаяҷон меларзиданд. Мехост бигӯяд, ки “бо як дидан мафтуни чашмони бодомиат шудам”, аммо шарм мекард. Гулноза бошад, мунтазири як сухани ошиқонаи Фирдавс буд.
Вақти хайрухуш Фирдавс гуфт:
- Мумкин аст ман ба наздатон ба хобгоҳ биёям?
- Чаро не...
Ҳамин тавр, онҳо шинос шуданд.
Рӯзи дигар бегоҳӣ Фирдавс ба назди ӯ омаду таклифи сайри шаҳр кард. Ҳарду пиёда-пиёда хеле роҳ гаштанд. Фирдавс дар бораи хонаводаашон нақл карду гуфт, ки ӯ як бача асту барои падару модар ҳозир аст ҳатто ҷонашро бубахшад. Гулноза бошад, нақл кард, ки дар оила духтари хурдӣ асту падару модар тамоми нозу нузи ӯро мебардоранд.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН