goodwell
Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби ду медали нуқра шуд
02.10.2026
Oila.tj
36

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар риштаҳои гӯштини тарзи озод ва ҷудо ба гирифтани ду медали нуқра ноил шуданд.

Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 65 кг оид ба гӯштини тарзи озод то марҳалаи ниҳоии мусобиқа расид. Ӯ дар қувваозмоии финалӣ бо намояндаи Ҳиндустон Суҷит рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа мағлуб гардид ва бо медали нуқра сарфароз шуд. Дар риштаи ҷудо низ Тоҷикистон соҳиби медали нуқра гардид. Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳои вазни худ баромад намуда, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ ӯ аз намояндаи Ҷопон Масучи Ротаро шикаст хӯрд ва зинаи дуюми мусобиқаро ишғол кард.

Ҳамин тавр, Абдулмаҷид Кудиев ва Ҷаҳонгир Маҷидов бо ду медали нуқра номи Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 баланд бардоштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД