Маҳсулоти лозима:
500 грамм гӯшти гов, 4 тухми обпаз, 6 бодиринги очонидашуда, 3 дандона сирпиёз, 1 истакон чормағз, 200 грамм майонез.
Тарзи таҳия:
Гӯшти говро пухта, бо даст ба қисмҳои хурд реза кунед. Бодирингро аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронида, сирпиёзро майда кунед. Тухми обпазро низ аз турбтарош гузаронида, чормағзро дар тобаи хушк чанд дақиқа зирбонед. Маҳсулоти хӯришро ба тарзи зерин қабат ба қабат дар табақ тунук кунед: аввал гӯшту майонез, дуюм бодирингу сирпиёз ва майонез, сеюм тухми обпаз ва майонез, чорум чормағз.