Arzon march 2024
Хӯриши “Бӯйи Баҳор”
665


                          Маҳсулоти лозима:


250грам – мурғи обпазшуда
2 – 3 дона – картошка
1 дона – бодиринг
1 дона - помидор
100 грам – панир
Ҷуворимакка
Лаблабуи обпазшуда
Майонез

                                   Тарзи таҳия:
Дар зарфи хӯришгирӣ мурғи обпазшударо реза карда, дар зарф мегирем ва майонез мемолем. Картошкаро аз тарошак (тёрка) гузаронда, бирён карда, дар зарф мегирем ва майонез мемолем, аз болояш ҷуворимаккаро мегирем ва майонез мемолем.

Бодирингро аз тарошаки дароз мегузаронем ва майонез мемолем, панирро низ аз тарошаки дароз мегузаронем ба болояш рехта майонез мемолем. Лаблабуро аз тарошак мегузаронем ва майонез мемолем. Барои ороиш помидорро дар шакли гул ва бодирингро дар шакли барг реза карда, хӯришро оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД