Маҳсулоти лозима:
400 грамм занбурӯғ (хом ё очорӣ), 2 линги мурғ, 3 бодиринги сабз, 200 грамм панири дудхӯрда, майонез, 4 тухми обпаз, барги салат.
Тарзи таҳия:
Занбурӯғро дар каме равғани зайтун ё маска бирён кунед. Гӯшти мурғи обпазро аз устухонаш ҷудо карда, бо тухму бодиринги сабз реза кардан лозим аст. Панирро 10 дақиқа дар яхкунаки яхдон нигоҳ дореду баъдан аз сӯрохиҳои васеи турбтарош гузаронед. Маҳсулотро бо майонез ҳамроҳ кунед ва хӯришро мувофиқи завқи худ бо баргҳои салат оро диҳед.