sebiston july new
Хуҷанд: Фотима Зуҳро, Анисаву Муниса, таваллуди нахустини чоргоникҳо
910

 

Мавзуна Сангинова сокини 27 солаи ноҳияи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилочяти Суғд чоргоник таваллуд кард, ки ҳамаашон духтар мебошанд.

Тавре СМ-1 телевизеони марказии Хуҷанд хабар додааст, таваллуди чоргоник дар вилояти Суғд дар соли 2022 бори аввал ба қайд гирифта шудааст.

Зарина Қодирова, мудири шуъбаи навзодони таваллудхонаи марказии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат гуфт, тифлакон пеш аз муҳлат, яъне норасид таваллуд шуда, вазъи саломатиашон вазнин арзёбӣ мешуд. Вазни тифлон зиёда аз як киллограм буда, айни замон нафаскашии онҳо беҳтар шуда, ба шуъбаи кӯдакони бемор гузаронида шуданд. Айни замон вазъи саломатии модари тифлон қаноатбахш аст.

Тибқи омори расмии таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд , давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1833 таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 204 нафар зиёд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД