Sebiston new 2024 october
"ХУБ ШУД, КИ ПАДАРАМОН МУРД"-МЕГУФТАНД ФАРЗАНДОНАШ
6417

 

Иброҳим факултаи иқтисодии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм карда, ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент баргашта, дар шуъбаи молия ба кор даромад. Падару модараш аз паи хонадор кардани ӯ шуда, барояш духтари зеботарини деҳаашон Хайрияро хостгорӣ намуданд. Хайрӣ нав Донишгоҳи омӯзгории пойтахтро хатм карда ба деҳа баргашта буд ва волидонаш хурсанд шуданд, ки ба духтарашон чунин ҷавони бомаърифат талабгор шудааст. Бо маслиҳати тарафайн тӯйи пуршукуҳе ороста сари ҷавони зираку доною зеборо ҷуфт намуданд.

Иброҳим арӯсаки нозанинашро зери навои карнаю сурнай бо сад умеду орзуҳои ширин ба хонаашон овард.

Зиндагии ҷавонон ширин оғоз ёфт. Падару модарон аз ҳаёти хушу хурсандонаи ҷигарбандонашон шоду мамнун буданд. Хайрӣ пеш аз ба мактаб рафтан, ҳама корҳои хонаро саранҷом карда, сипас ҳамроҳи шавҳараш ҳазлу шӯхикунон аз хона мебаромаданд. Иброҳим ба сӯи коргоҳи худу Хайрӣ ҳамчун омӯзгор ба сӯи мактаб мешитофтанд.

Нахли умед

Пас аз як соли зиндагии якҷоя Иброҳиму Хайрӣ соҳиби писарчаи дӯстрӯяке шуданд. Аз таваллуди меҳмони нав дар хонадон хурсандии бибию бобоҳоро ҳадду канор набуд. Ба тифлак Умедҷон ном гузоштанд. Умедҷон ҳангоми таътили тобистонаи мактаббачаҳо ба дунё омада буд ва модараш ҳамагӣ се моҳ дар хона нишаст. Хушдомани Хайрӣ, холаи Асолат ҳамчун омӯзгор ба нафақа баромада бошад ҳам, хеле зебову боқувват буд, ба келинаш гуфт, ки тарбияи Умедҷонро ӯ ба уҳда мегирад, метавонад ба кор барояд.

Бибии ғамхор

Хушдоман барои Хайрӣ як ёрдамчии беминнате буд, Хайрӣ низ хизмати модаршӯяшро як бар сад баргардонида хушдоманашро чунон иззату эҳтиром мекард, ки одами дидагӣ аҳсант мехонд. Дар тӯли даҳ соли зиндагиашон Худованд ба ин оилаи ҷавон, панҷ фарзанд- ду писару се духтарро насиб дид. Холаи Асолат ҳамчун бибии ғамхор худаш набераҳояшро калон карда, ба қавле «аз обу гил» баровард.

Оилаи намунавӣ

Донишу малака ва серғайратии Хайриро ба назар гирифта, ӯро директори мактаб таъйин карданд. Акнун масъулияти Хайрӣ дучанд зиёд гашта буд. Корҳои Иброҳим ҳам хуб буданд. Маоши нағз мегирифт, соҳиби обрӯю эҳтиром буд дар ноҳия. Ҳамсояҳо ҳасуди зиндагии ширину пурбаракати онҳоро мехӯрданд, вале…

Касофати ҷанг

Солҳои пеш шаҳру ноҳияҳои Айниву Панҷакент яке аз ноҳияҳои калонтарини тамокупарварӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мерафтанд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳангоми ҷамъоварию супурдани тамоку баъзе харидорон аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ошӯбҳои дохилии кишвар истифода бурда, фиребгариву қаллобӣ карданд. Тамокуҳои зиёдро бе пул бурданду ваъдахилофӣ карда, маблағашро пардохт накарданд. Иброҳим он вақтҳо вазифаи сармуҳосибро иҷро менамуд ва қарзи зиёдеро ба гарданаш бор карданд. Тамоми маблағи захираи худу ҳамсарашро дода бошад ҳам, қарз адо намуд. Чунин ранг гирифтани кор ин ҷавони зебову чаққонро ба кӯйи ноумедӣ бурда кам-кам тамоку мекашидагӣ шуд. Баъдтар бо ҷавонони бадахлоқу арақхӯр ва нашъаманд рафиқ шуда ба бангу героин гузашт.

Масту девона

Ҳарчанд падару модар ва ҳамсари меҳрубонаш Иброҳимро насиҳат мекарданд, кора намекард. Шабҳо ба хона масту аласт омада, ба сари занаш мушт мебардошт. Бачаҳо аз дағалию муштзӯрии падарашон чунон тарсон шуда буданд, ки баробари шарфаи пояшро шунидан гурехта ба хонаи хоби худашон медаромаданду худро ба хоб меандохтанд.

Асолат-холаи пиру бемор рафтори писарашро дида, бештар обу адо мешуд. Дарди худаш як тарафу дарди писараш аз тарафи дигар ӯро дар як муддати кӯтоҳ афгор намуда ба бистари беморӣ мехкӯб карда монд. Хайрӣ хушдоманашро назди чандин табибу духтурҳои номдор бурда бошад ҳам, касе ба дардаш дармон ёфта натавониста кампир бо дили пурармон ин ҷаҳонро падруд гуфт. Бо марги модаршӯяш гӯё сақфи хона ба сари Хайрӣ ва бачаҳояш фурӯ рехта бе муттако монданд. Дигар касе набуд, ки Иброҳимро насиҳат карда аз роҳи хато гард гӯяд.

Дарди бедаво

Бо маслиҳати ёру дӯстон Ироҳимро дар беморхона хобонданд. Пас аз табобат рангу рӯяш дигар шуда, асли пештарааш гашт. Қасам мехӯрд, ки дигар корашро давом намедиҳад, ҷӯраҳои бангиашро бинад, роҳашро дигар мекунад, вале ҳамин ки аз беморхона баромад, боз ба ҳамон роҳ мерафт. Хайрӣ шавҳарашро моҳе то се маротиба дар беморхона хобонда табобат мегирифт, вале ҳеҷ ӯро аз бангу нашъа дур карда наметавонист. Ҳамин ки аз беморхона баромад, боз ба назди ҷӯраҳои бангиаш мерафт ва масту махмур ба хона бармегашт. Аз куҷо дар як лаҳза ин маводи марговарро дастрас мекард, барои Хайрӣ номаълум буд.

«Консерти бепул» додани падарашон ба дили бачаҳо зада буд. Занашро задану куфтани иброҳим ва аз тарс мисли чӯҷаҳои ба лонаашон мор даромада ба ҳарсу давидани бачаҳои ӯро ҳамсояҳо ба якдигар нақл карда, ба Хайрӣ офарин мехонданд, ки чӣ тавр тоқат карда, бо ин бангӣ зиндагӣ карда истодааст.

Марги бангӣ

Хайрӣ тамоми маблағи дар дасташ бударо сарф карда, боз шавҳарашро дар беморхона хобонд. Рӯзҳои дар бемористон буданаш Иброҳим бо номи худо қасам хӯрд, ки дигар бангу нашъаро ҳаргиз ба даҳон намегирад ва дӯстони бангиашро бинад, ба кӯчаи дигар тоб мехӯрад, аммо ҳамон рӯзи аз беморхона баромаданаш занашро фиреб карда, ба назди ҷӯраҳои бангиаш рафт.

Лаҳзае пас вай бо «кайфияти баланд» ба хона баргашт ва дағалона аз мӯйҳои дарози Хайрӣ дошта, ба сару рӯяш чанд мушт зад. Хайрии сару рӯяш сиёҳу кабуд бо як азоб худро аз чанголи шавҳари бангиаш раҳо карда тозон ба хона даромад ва дарро аз дарун маҳкам кард. Бачаҳояш дар кунҷи хона пинҳон шуда аз тарс садо намебароварданд.

Иброҳим занашро дашномҳои қабеҳ дода, ба қавле ҳафт пушти Хайрияро аз гӯристон бархезонду баъд якбора хомӯш шуд. Ин хомӯшии ногаҳонӣ Хайриро ба даҳшат овард. Зани бадбахт тарсону ларзон аз хона баромада дид, ки шавҳараш Иброҳим дар рӯи ҳавлӣ бо чашмони кушода беҳаракат хобидааст. Дарҳол мошинаи «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ зад, вале дигар касе ба Иброҳим кӯмак расонида наметавонист. Фарзандонаш бо чашмони пурашк Хайриро оғӯш карда, мегуфтанд: «Модарҷон, акнун халос шудем…»

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Диана 2019-10-05, 23:26
Бечора кудако
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Диана 2019-10-05, 23:26
Бечора кудако
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД