arzon replenishment
ХУДО ҲЕҶ КАСРО МИСЛИ МАН ШАРМАНДА НАСОЗАД!
8786

  Зиндагиям маҷрои тоза ёфтаву аламу дард ва азобҳои гузаштаамро оҳиста-оҳиста вақт зудуда менамуд, вале нисфирӯзие писари калонам –Хуршед бо падари хуниаш, ки болоӣ аробачаи маъюбӣ қарор дошт, аз дарвозаи ҳавлӣ ворид шуду  ҳамаи дардҳои ботиниам аз нав рӯ зад.

Зеро  аз нав рӯ ба рӯ шуданам бо шавҳари собиқам-Зокир,  дар ҳавлии худам намедонистам, ки чӣ оқубатҳоеро ба бор меорад. Вале ӯро аз хонаам пеш карда ҳам наметавонистам. Охир ӯ падари се фарзанди ман буду бо вуҷуди ҳамаи хиёнату носипосиҳояш ба ману се фарзандам ман наметавонистам ӯро дар чунин ҳолати дармондагӣ ҳаволаи тақдир намоям. Хоса, вақте ки писарам ӯро гирифта оварда буду ман медонистам, ки ғайр аз мо дигар касе надорад. Ба Зокири сархами болои аробачаи маъюбӣ нишаста нигаристаму хаёлам ба гузаштаи начандон дур парвозӣ гашт...

    Дар яке аз деҳаҳои атрофи шаҳр зиндагӣ мекардем. Дар оила фарзанди яккаву ягона будам. Модарам пеш аз ману баъди ман панҷ фарзанд  таваллуд карда бошад ҳам, вале ягонтои онҳо зинда намондаанд. Волидайн маро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамуданд, то бегазанд ба камол расам.Кӯшиш менамуданд, ки ҳар як сухани аз даҳонам баромада бечуну чаро иҷро шавад. Мабодо бемор мешудам, мисли мурғи пойсӯхта худро ба чор тараф ба қавле мезаданд, то бароям зудтар шифо пайдо намоянд. Дарди ман дар танам буд, лекин онҳо дарди маро дар дилу ҷон эҳсос менамуданд. Ҳамин тавр ман бо ҳазор нозу нуз ва эркагиҳо ба воя расидаму баъди хатми мактаби миёна, қарор додам, ки таҳсиламро дар ягон донишкадаи олӣ давом медиҳам. Аммо бахтам омад накард. Аз имтиҳони дуюми донишкада нагузаштам. Ашки чашмонам рӯямро мешӯст. Падарам ашки маро дида, назди ректори донишкада даромаду намедонам чӣ гуфту чӣ монд, ки маро ба донишкада қабул карданд. Аз ман дида, хушбахтар кас дар олам он замон вуҷуд надошт.Охир донишҷӯ гашта, ба орзуи дили хеш расида будам. Се моҳи хониш зуд гузашт. Пӯшида нест, ки айёми донишҷӯӣ писарон ба духтарон гаппаронӣ карда, барои хеш маҳбуба интихоб мекунанду паймони муҳаббат мебанданд ва агар тақдир рафта бошад бисёрии ин ошиқу маъшуқон оиладор мешаванду соҳиби фарзандони нозанин...
   Зокир ду курс аз мо боло таҳсил мекард. Ӯ аз моҳи аввали таҳсил ба ман гаппаронӣ карда, ошиқ гаштанашро бароям пинҳон намедошт. Қаду қомати расо ва чашму абрӯи сиёҳаш ба ман ҳам писанд омада буд. Аммо кӯшиш мекардам, ки худро ба даст гираму зуд фирефтаи ишқу муҳаббати вай нагардам. Вале истодагариҳои Зокирро таҳаммул карда натавонистаму билохира ба номаҳои ишқияш, ки як ғарам шуда буд, ҷавоби мусбат додам. Мо ҳарду хушбахт будем. Ӯро ба хонаамон бурда бо падару модарам шинос кардам. Зокир, ки дар хонаи бачагон тарбият ёфтаву аз меҳру муҳаббати волидайн бенасиб монда буд, дар симои волидайни ман падару модари худро ёфт. Падару модарам ҳам вайро чун фарзанди худ қабул карданду пайваста дуогӯи хушбахтии мо буданд.  Ҳама ба ишқу муҳаббати мо бо чашми меҳру шавқ нигоҳ мекард. Моро “Лайливу Маҷнуни асри бист”-меномиданд. Оре, ишқамон воқеъан ҳам ишқи ҳақиқӣ буд. Ишқе буд, ки дар он ҳавову ҳаваси ноҷо ҷой надошт.
  Вақте ки Зокир донишкадаро хатм карду ман ба курси сеюм гузаштам, мо оиладор шудем. Зиндагиямон афсонаро мемонд. Афсонаи сеҳрангезро. Тавлиди се фарзандамон –Хуршеду Гулчеҳра ва Анӯшервон ин зиндагиро дучандон зебо гардонд. Ман ҳам дар ин муддат донишкадаро хатм карда дар мактаби деҳаамон муаллимагӣ мекардам. Мо дар хонаи волидайни ман зиндагӣ мекардему падару модарам дар ҳама кор ёвару мададрасонамон буданд. Зокир дар шаҳр кор мекард. Аввалҳо барои аз хонаи мо ба кор рафтану омаданаш монеъае вуҷуд надошт. Аммо як сол зимистон сард омаду ӯ бо ҳамин баҳона дар шаҳр хонаеро ба иҷора гирифт. Акнун ману фарзандонам ӯро дар як ҳафта ҳамаги ду рӯз-рӯзҳои шанбею якшанбе медидему халос. Дар феълу атвори шавҳар дигаргуниҳои зиёдеро пайхас мекардам. Зокир бо ман муносибаташ сард  гашта буд. Ба кӯдаконам ҳам он қадар диққат намедод. Мабодо сабаб пурсам, мондашавию вазнинии корашро баҳона пеш оварда, кӯшиш мекард, ки аз сӯҳбат гурезад..
    Рӯзе дар мактаб будам, ки Хуршедам ба наздам омаду хабар дод, ки ба хонаамон як занак омадасту модарам гуфтааст, ки зуд расида биёям. Дар дилам оташ афтод. Намедонам, аз чӣ бошад, ки зуд дарк кардам, ки омадани ин зан ба Зокир алоқамандие дорад.
 Ба хонаамон омада зани рангуборкардаеро, ки бо модарам баланд-баланд ҳарф мезаду Зокир-Зокир мекард,  дидаму амиқ дарк кардам, ки вай бо Зокир рабт дорад.
  -Духтарам омадӣ. Ин занак пеши ту омадааст,-маро дида гуфт модараму вазнин аз ҷой хеста ба хонаи дарун даромад, то ки ашкрезиашро набинам. Вале ашки чашмонашро бо нӯги  рӯмол пок карданаш аз чашмам пинҳон намонд.
 -Ману Зокир якдигарро дӯст медорем. Никоҳ ҳам дорем. Имрӯз, пагоҳ фарзандор мешавем,-бе ягон салому аллейк бо ман сухан сар кард меҳмони нохондаамон.
  Забонам лол, чизе гуфта наметавонистам. Гӯшҳоям ҳам қулф заданд. Зокир-Зокир...Наход баъди ин қадар меҳру муҳаббат ва зиндагии хуб ба ман хиёнат кунад,-меандешидам худ ба худу чашмамро аз рӯи зан канда наметавонистам.
  -Сага базӯр шикор бурда намешад. Шумо ҳам наметавонед базӯр Зокира дореду зиндагӣ кунед. Манам одам. Фикри се фарзанди шумоя мекунам. Зокир алюмент фиристода меистад. Аз сару либосу  хӯрокашонам бохабар мешад...
Қувваи номаълуме маро тарафи ин “дӯзди зӯр”-тела дод. Қабзаи муяшро модарам вақте ки “Фотима, ба худ биё, чӣ кор мекунӣ!?”-гӯён дод зада раҳо кард, аз чанголам раҳоӣ бахшиду маро ба худ овард.
Зокир паяшро аз хонаамон канд. Ӯ се сол бе ному нишон буд. Ман ҳам талоше барои пайдо карданаш надоштам. Хиёнаташ нобахшиданӣ буд. Носураш хуншор буду сӯзон.
Падарам бемор шуду баъди се моҳи бистарӣ гаштан аз олам гузашт. Ӯро дарду доғе, ки маро месӯзонд, афгор карда, ниҳоят ба вартаи марг тела дод.
Ҳарчанд ман зани қонунии Зокир будаму бо вуҷуди ҳамаи нокасиҳояш то ҳол бо вай рӯ ба рӯ нашудаву сухане нагуфта будам,Зокир дар маросими дафн наомад. Ҳол он, ки бо хоҳиши модарам, писари ҳамсоя ӯро ба ҷаноза хабар карда буд. Ин кори Зокир болоӣ сӯхтаи ман намакоб гашт. Дигар қарори қатъӣ додам, ки ӯро ҳеҷ гоҳ нахоҳам бахшид. Баъди маросими соли падарам ба суд аризаи ҷудоӣ пешниҳод намудам. Зокир рӯзи таъинкардаи суд ба суд ҳозир шуд. Танҳо не. Ҳамроҳи ҳамон зану фарзанди якҷояашон, ки ҳар замон бо вай бозӣ мекарду аз рухсораш мебӯсид. Пеши назарам симои се фарзанди худам, ки шабу рӯз чашм ба роҳи падар буданд, омаду аз хорӣ гириста фиристодам. Зокирро дуои бад кардам, ки уболи фарзандонам гирадаш...
 Мо аз ҳам қонунӣ ҷудо шудем.
  -Дигар ту зани ман нестӣ, ҷавобата додам,-назди ман омада гуфт Зокиру ҳамроҳи зани ёфтааш монда рафтанд. Чашми ашкборам аз паси онҳо нигарон монд. Он замон ман ба ҷӯз ғам, хорӣ ва аламу дард мутаккое надоштам. Ягона мунису ғамгусорам-модари меҳрубонам барои нигоҳубини кӯдаконам дар хонаамон монда буд...
  Баъди панҷ соли ҷудоӣ аз Зокир аз нав оиладор шудам. Марди бефарзанде, ки аз пӯшти фарзандор нашудан се зан таркаш карда буданд, хоҳиши падар буданро барои се фарзандам ба миён гузошту  ман ҳам розигиамро додам. Зеро гирумонҳои ҳаётро дар танҳоӣ бароям паси сар кардан рӯз ба рӯз гаронӣ мекард. Шавҳари навам марди хоксору оддӣ ва меҳрубоне баромад. Ӯ сари се фарзандамро падарвор сила карда, мисли падари ҳақиқӣ онҳоро дӯст медорад. Гулчеҳраву Анӯшервон ҳам ба вай меҳр мондаву “дада”-номаш мебурдагӣ шуданд. Вале Хуршед...
  Писари калонам аз рӯзҳои аввал шавҳарамро чашми дидан накард. “Ин падари мо нест”-гуфта, ҳамеша эътироз мекарду инҷиқу гапногӯшнав шуда буд. Чанд маротиба гурехта ба шаҳр-назди падараш мерафту аз он ҷо омада ба хоҳару додараш савғоҳои падараш фиристодаро дода, онҳоро ҳам бар зиддӣ падарандар мешӯронд...
  Хабари ба садама дучор шудани  падарашро бо аҳли оилааш ва фавти зану фарзанди вайро дар ин садама Хуршед ба хона овард. Аз гиря чашмони писаракам варам карда, хобу хӯрашро гум карда буд. Ӯ ҳар рӯз ба шаҳр – ба беморхона ба аёдати падар мерафту чанд маротиба хоҳару додарашро ҳам бо худ ба назди падарашон бурд. Зокир дигар мазлуму барҷоймонда гашта буд. Дар натиҷаи садама ӯ  аз ду пой маҳрум гашта ба нигоҳубинӣ доимӣ эҳтиёҷ дошт. Хуршед бо ихтиёри худ ин вазифаро ба дӯш гирифта, барои бо падар будану ӯро нигоҳубин намудан, ҳатто аз хондан  даст кашид. Агар сахтравӣ кунам, “ба ман падарам лозим, ӯ ғайри ман касе надорад”-мегуфту гирён мешуд. Ва баъди ин ҳафтаҳо дар шаҳр-дар хонаи падар бо падар мемонд.Чӣ кор карданамро намедонистам. Корам фақат гиряву оҳкашӣ гашта, ханда лабонамро ба тамом тарк карда буд. Модарам дар ин миён ба сактаи қалб дучор шуду дар хуруҷи дувум вафот кард. Ростӣ, андармони фикру зикри ҳаёти нобасомони худ ба модари азизам он қадар расидагӣ карда натавонистам, ки аз беморияш хело дер огаҳ шудам. Аниқтараш модарҷонам мушкилотҳои маро дида, аз дарди ҷонқоҳаш хабардорам накардааст...
     Хуршедам мактаби миёнаро базӯр хатм карду ба назди падараш рафт. Ин кораш корди сабрамро ба устухон расонд, ки “ё ман, ё падарат”-гуфта, пеш аз рафтан барояш шарт гузоштам.
 -Очаҷон, шукр, шумо солимед. Хоҳару додарам, шавҳарҷонат бо шумост. Падарам бошад, ғайр аз ман касе надорад,-ҷавобам дод бо сари хаму аз дарвоза берун шуд...
     Шавҳари дуюмам  чуноне дар боло қайд кардам, марди ҳалиму меҳрубонест. Ӯ аз ҳоли ботинии ман огаҳ аст, ки сухани пасту баланде бароям намегӯяд.
      -Мардак, ман ин ҳолро таҳаммул карда наметавонам. Дури аз писаракам дилу ҷонамро афгор мекунад. Чӣ мешавад, ки дар роҳи савоб як кор кунем...
 Ман канда-канда, базӯр-базӯр аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад, то Хуршед падарашро ба хонаамон биёраду ӯро дар ҳамин ҷо нигоҳубин кунад.
 Шавҳарам суханонамро шунида, сукути дурударозе кард. Сипас сарашро боло накарда,-мардум чӣ мегӯянд?-гӯён, мунтазири ҷавобам нашуда, вазнин аз ҷой хесту тарафи ҷӯйбор рафт...
  -Оре, мардум чӣ мегӯянд?-пурсидам аз худ. Ва ҷавоби саволам дар ҳол пайдо шуд; мардум хоҳ нохоҳ гапашона ёфта мезананд. Асосаш гапи мардум не, балки салоҳияте, ки барои ману фарзандонам афзалтар аст. Асосаш падари фарзандонам бо вуҷуди гунаҳгорӣ дар вақти хорӣ аз тарафи фарзандон мададгорӣ ёбад...
   Аз Хуршед хоҳиш кардам, ки падарашро гирифта ба хонаамон биёрад. Ҳама якҷоя нигоҳубинаш хоҳем кард. Аз ин хабар писаракам чеҳрааш кушода шуду худро ба оғӯшам партофт. Баъди чандин солҳо ману вай боз чун писару модар якдигарро бо меҳр ба канор мекашидем...
    Ба хонаам овардани шавҳари собиқам дар байни мардум сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёриҳо вақти аз паҳлуям гузаштан рӯяшонро аз ман мегардонанду нафринам мекунанд. Дар деҳа номи “зани душавҳара”-ро гирифтаам. Ба шавҳари бечораам бошад, барои розигӣ доданаш барои овардани Хуршед падарашро “даюс”-ном гузоштаанд.
        Ман  таънасори дӯсту душман, хурду калон гаштаам. Дигар дар назди касе ба қадри хас обрӯям намондааст.  Вале дар назди Худованд худро пок мебинам ва аз таънаву маломати мардум боке  надорам...

   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД