sebiston july new
Хушдомани собиқи худро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
28.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1319

Ману шавҳарам чанд сол пеш ҷудо шуда будем. Ростӣ, дар давраи зиндагии якҷояамон боре ҳам бо модаршӯям ҷангу ҷанҷол накардаем, вале ҳис мекардам, ки хушдоманам маро чандон дӯст намедорад. Аҷибаш он аст, ки шаби гузашта хушдоманамро хоб дидам. Дар хобам, гӯё ягон гап нашуда бошад, ману модаршӯям меҳрубонона бо ҳамдигар рози дил гуфта, суҳбат мекардем. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

МАҲИНА, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Таъбири хоб ба он вобастагӣ дорад, ки дар зиндагӣ муносибати келину хушдоман чӣ гуна буд. Агар байни шумо ва модаршӯятон ҷангу ҷанҷол сар зада, душмани ҳамдигар гашта будед ва то ҳол дар дил нисбати ин зан кинаву адоват мепарваред, хоб дидани хушдоман чандон хуб нест. Чунин хоб метавонад як навъ огоҳӣ бошад, ки эҳтиёт бошед, зеро дар ҳаёти шумо баъзе нофаҳмиҳои хурдакак рӯй дода метавонанд. Аммо муносибати зан бо собиқ хушдоманаш хуб бошад, ба хобаш даромадани ӯ ягон ҷойи бадӣ надорад. Хоб дидани собиқ хушдоман ба вохӯрӣ бо ягон шиноси деринаи кас далолат менамояд. Хоб дидани хушдомани собиқи худ ҳамчунин метавонад нишонаи он бошад, ки шахси хобдида, яъне зан то ҳол дилашро аз бахти аввалаш накандааст ва дар як гӯшаи қалбаш умед мепарварад, ки шояд дубора бо ҳамсараш якҷоя мешаванд.

Ногуфта намонад, ки таъбири хоб ба синну сол низ вобастагӣ дорад. Зани ҷавон хушдомани собиқашро хоб бинад, дар ҷойи кор гапаш бо роҳбарият ё яке аз ҳамкоронаш гурехта, каме асабонӣ мешавад. Ин хоб як навъ огоҳӣ аст, ки зан бояд эҳтиёт бошад ва пеш аз он, ки суханеро ба забон меорад, ба гирду атрофаш бодиққат назар намояд, то гапҳояшро нарезондаю начаконда ба роҳбарият нарасонанд.

Зани миёнасол хушдомани собиқашро хоб бинад, дар оилааш ягон нофаҳмӣ ба вуҷуд омада, гапаш бо наздиконаш мегурезад. Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҷангу ҷанҷолҳои хурдакак бо наздикон вуҷуд дорад.

Кӯшиш кунед, ки худро ба даст бигиред ва барои ҳар майда-чӯйда дили наздиконатонро озор надиҳед.

Зани шавҳардор собиқ хушдоманашро хоб бинад, дар ҳаёташ марди дигар пайдо мешавад ё бо сабаби рашк байни ӯ ва ҳамсараш моҷаро сар мезанад.

Духтари ҷавон хоб бинад, ки шавҳар кардаасту бо хушдоманаш суҳбат дорад, дари бахташ кушода шуда, ба марди орзуҳояш ба шавҳар мебарояд.

Зани ҳомила собиқ хушдоманашро хоб бинад, хеле осон тифлашро ба дунё оварда, соҳиби фарзанди солим мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД