formula
Хушхабар: Оилаи ҷавон якбора соҳиби 4 фарзанд шуд
807

Санаи 24-августи соли ҷорӣ дар деҳаи Боботағои шаҳри Истаравшани вилояти Суғд чаҳоргоникҳо ба дунё омаданд. Дар ин бора Санавбар Отамуродова, мудири маркази саломатии деҳаи Боботағо, ба сомонаи Oila.tj хабар дод.

Манбаъ гуфт, кӯдакон дар Таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтаанд. Чаҳоргоникҳо се писар ва як духтар буда, онҳоро ҷавонзани 20-сола ба дунё овардааст.

Ба гуфти Санавбар Отамуродова вазъи модару кӯдакон аз лаҳзаи ҳомиладорӣ хуб буд ва зан зери назорати қатъии духтурон қарор дошт.

"Ҳоли модару кӯдакон аз давраи аввали ҳомиладорӣ хуб буд. Ҳамаи тавсияҳои духтуронро иҷро карданд. Чаҳоргоникҳо дар 37-умин ҳафтаи ҳомиладорӣ ба дунё омаданд. Вазни ду нафари онҳо 2.5 кг ва ду нафари дигарашон 1.5 кг мебошанд. Алҳол вазъи саломатии модар ва кӯдакон хуб аст,"- гуфт ин табиб.

Чаҳоргоникҳо дар ин оилаи ҷавон аз ҳомиладории нахустин ба дунё омада, зану шавҳари хушбахт якбора соҳиби чор фарзанди дӯструяк гаштанд.

Гуфта мешавад, ки тавлид ёфтани чаҳоргоник дар шаҳри Истаравшан бори нахуст аст. Аз ин пеш танҳо сегоникҳо таваллуд шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД