sebiston july new
Киҳо метавонанд аз хизмати ҳарбӣ озод бошанд ва хизмати якмоҳа чанд сомонӣ аст?
803

 

Аз моҳи октябр мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ оғоз мешавад. Ду сол қабл дар кишвар ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он шахсони кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатмкарда ҳам ба хизмат даъват мешаванд.

Киҳо аз хизмати ҳарбӣ озоданд?

Мувофиқи моддаи 30-и қонуни амалкунанда аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шахсони зерин озод карда мешаванд ва ё ҳаққи озод шудан аз хидматро доранд:

  • нафароне, ки дар оила фарзанди ягона ҳастанд;
  • онҳое, ки барои ҷиноят аз озодӣ маҳруманд;
  • шахсони дорои маъюбияти гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва нафароне, ки аз рӯи вазъи саломатиашон барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ нестанд;
  • онҳое, ки аъзои оилаашон дар хидмати ҳарбӣ фавтидаанд ё маъюби гурӯҳҳои 1 ва 2 гардидаанд;
  • шаҳрвандоне, ки дорои унвони номзади илм ё доктори илм мебошанд ва онҳое, ки хидмати ҳарбиро дар дигар давлатҳо адо кардаанд.

Ба киҳо ба таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбӣ иҷозат дода мешавад?

Барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд:

даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ 2 ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд – то ба балоғат расидани фарзанди дигар;

  • онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд – дар давоми муҳлати ваколат;
  • онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд – дар давраи таҳсил;
  • омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд – дар давраи иҷрои ин кор;
  • онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.

Дар соли 2023 кӣ ба хизмати ҳарбӣ меравад?

  • шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайди ҳарбӣ қарордошта ё шаҳрвандоне, ки уҳдадоранд ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, ки мутобиқи қонуни мазкур дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар қайди ҳарбӣ бошанд ва барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ҳуқуқ надоранд, ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо, дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо даъват карда мешаванд;
  • шаҳрвандони ҷинси марди то 27-сола, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанду кафедраҳои ҳарбиро дар назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ хатм намудаанд ва бо гирифтани рутбаи ҳарбии афсарӣ ба ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок даъват карда мешаванд.

Дар маъракаи тирамоҳии соли 2023 ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Магистрант, аспирант ва докторант, ҳуқуқи ба таъхир гузоштани даъват ба хизмати ҳарбиро дорад?

Мувофиқи тағйироти нав магистрон, аспирантон ва докторантон барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқ надоранд. Алакай қисми зиёди магистрантон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд.

Танҳо нафароне, ки бори аввал дар зинаи бакалавриати шӯъбаи рӯзона таҳсил карда истодаанд, ҳуқуқ доранд, ки муҳлати даъвати хизмати ҳарбиро ба таъхир гузоранд.

Муҳлати хизмати ҳарбӣ чӣ қадар аст?

  • барои онҳое, ки хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро дар вазифаҳои сарбозон ва сержантҳо адо мекунанд 24 моҳ, барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ – 12 моҳ;
  • барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дар вазифаҳои сарбозҳо ва сержантҳо адо мекунанд – 1 моҳ;
  • барои онҳое, ки аз рӯи даъват дар вазифаҳои афсарон хизмати ҳарбиро адо мекунанд – 24 моҳ;

Оё барои ба хизмати ҳарбӣ нарафтан ягон роҳи дигаре мавҷуд аст?

Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, нафароне, ки ба хизмати ҳарбии муҳлатнок рафтан намехоҳанд, метавонанд ба ҷои 12 ё 24 моҳ хизмат кардан, бо супоридани маблағи муайян ҳамагӣ 1 моҳ омодагии ҳарбӣ гиранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Маблағи озод шудан аз хидмати ҳарбӣ чанд сомонӣ аст?

Тибқи тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” онҳое, ки мехоҳанд хизмати алтернативии якмоҳаро анҷом диҳанд, бо супоридани маблағи 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Дар соли 2023 як нишондиҳанда ба 68 сомонӣ баробар аст. Маблағи хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ то 1-уми сентябри соли равон 28 ҳазору 560 сомонӣ буд, аммо тибқи тағйиру иловаҳои нав он акнун 51 000 сомонӣ шуд.

Шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, метавонад бо навиштани ариза ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисташ маблағи мазкурро ба шуъбаи “Амонатбонк” супорад. Расиди маблағи супоридашуда бояд ба комиссияи даъвати ҳарбӣ пешниҳод карда шавад.

Ёдрас мешавем, ки дар маъракаи даъвати баҳории соли 2023 дар маҷмӯъ 1 500 ҷавони синни даъватӣ бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Худоёр 2023-09-11, 22:48
Саломалекум Ман соли 2021 дар донишкада 3 моҳ таҳсил кардам ва аз сабаби вазнин будани вазъи шароити оилави ариза кардам хориҷ шудам ва руссия рафтам. Ҳоло аз русся омалам боз бо даври сеюми маркази миллии тести дохил шуданиам маро ҳангоми таҳсили рузона ба хизмати ҳарби мебаранд ё не.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Худоёр 2023-09-11, 22:48
Саломалекум Ман соли 2021 дар донишкада 3 моҳ таҳсил кардам ва аз сабаби вазнин будани вазъи шароити оилави ариза кардам хориҷ шудам ва руссия рафтам. Ҳоло аз русся омалам боз бо даври сеюми маркази миллии тести дохил шуданиам маро ҳангоми таҳсили рузона ба хизмати ҳарби мебаранд ё не.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД