arzon replenishment
Хонадомод
1609

 

- Э, ин ятимбачаро барои чӣ домод кардед? Гул барин духтарро ба ҳамин баднамуди почалучи бесарпаноҳ медиҳед? О, ин аз ӯҳдаи хушбахт кардани фарзандатон мебарояд? Инҳо дузд мешаванду ғоратгар. Аз ин гунаҳо бояд сахт эҳтиёт кард, - ба Саъдӣ нигариста, мегуфт хоҳараш Соро.

Саъдӣ гӯё чизе нашуда бошад, парвои фалак надошт ва кори худро дурусту беҳтарин меҳисобид. Ба хоҳаршӯяш ҳамроҳ шуда, завҷаи Саъдӣ Сабринабону низ ба гап даромад:

- Ҳа, ман гуфтам, ки духтараки яккаву ягонаамро ба ягон домоди серпул, коргари бой диҳем. Не, укоякатон розӣ нашуданд. Чӣ будааст? Бойҳо одамгарӣ надоштаанд. Мана, мо сарватмандем, пас, одамгариамон нест?

- Агар одамгарӣ медоштӣ, ин ҳарфҳоро ба забон намеовардӣ. Ҳа, ба ман домоди серпул лозим нест. Домоди соҳибақлу хирадманд лозим, то духтарамро абадан хушбахт созад. Домодҳои серпули мегуфтаи ту дарду ғами зиндагиро начашидаанд. Баъдан, агар ту ба ман писар мезодӣ, ин гапу калчаҳо набуд.

- Э, ин қадар фарзанддор нашудагиамро ба рӯям наандозед. Айби ман аст, ки баъди духтарам Дилдода дигар фарзанддор нашудам? Ин хоҳишу иродаи Худованд аст.

- Рост гуфтиӣ. Ятиму камбағал мондан ҳам иродаи зоти пок аст,- ин гапҳоро гуфту Саъдӣ аз хона баромада, ба коргоҳ рафт.

- Мард бояд аз пайи зиндагӣ бошад. Чор ишкели оилаашро пур кунаду онҳоро ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ накунад. Дод аз дасти шуйи камбағал. Ман то ин шавҳари камбағаламро соҳиби сарват кардам, ки як поям ба лаби гӯр расид. Ҳар рӯз бо он шавҳари камбағал ҷанг буд. Боз занро мегӯянд, ки муйдарози ақлкӯтоҳ аст, - гуфт қайсингилаш.

Сабрина ин ношукрии хоҳаршӯяшро дида, ба ҳайрат афтода бошад ҳам, чизе нагуфт. Ҳарчанд, дар бораи таъна кардани шавҳараш ӯ ҳақ набошад ҳам, натавонист, ки гапи хоҳаршӯяшро нодуруст гӯяду ӯро насиҳат кунад. Чун худи ӯ ин лаҳзаҳо ба насиҳат ниёз дошт. Аммо, он ҳирси сарвату давлат, ки ҳамроҳи шавҳараш даҳсолаҳо ҷамъ карда буд, намегузошт ноҳақ будани хоҳаршӯйяшро гӯяд.

- Ҳа, рост гуфтед. Мард бояд таъмингар бошад. Аммо, дар солу замони ҳозир шаш хӯрандаю як оранда бошад намешавад, - гуфт ӯ зери лаб ва паси кораш рафт.

Саъдӣ ба мошин савор шуда, ба кор рафт. Ӯ раҳораҳ дар ин ҳаёти дурӯза чӣ қадар душвории паси сар кардаашро ба хотир меовард. Зеро рӯзҳое буданд, ки як бурида нони қоқро аз ҳамсоя ба қарз мегирифтанд, он ҳам бо сад таънаю маломат. Ӯ фикр мекард, ки чаро чашмони завҷааш аз сарвати дунё сер намешаванд? Охир, худаш рӯзҳои сангинро паси сар намуда буд, - ку? Не. Бой шудану пулдор будан, назди дугонаҳо бо кибру виқор роҳ рафта, тиллоҳои қиммат ва шубаҳои 3000 - сомонаро ба бар кардан чашмонашро хира кардааст.

- Сабрина чӣ хел ин қадар ба молу сарват дода шуд? Чашмон хоҳарам Сороро ҳам пул кӯр кардааст. Наход, рӯзҳои камбағалии худро фаромӯш карда бошад? Худованд сарват медиҳад, аммо агар аз уҳдааш набароиву ба ҳақдоронаш ҳақ надиҳӣ, хайру саховатро канда карда, аз серпулиат кибр намоӣ, он гоҳ туро хор месозад, - мегуфт Саъдӣ.

Ӯ мехост барои худ як домоди хоксору фурӯтан пайдо намояд. Барои ҳамин ӯ коргари одии худ Азизро мехост домод намояд. Зеро Азиз метавонист аз ӯҳда кардани сарват барояд. Чун Саъдӣ борҳо шоҳиди ҳалолкории коргараш шуда буд.

- Имрӯз назди Ҳалим рафта, вазъиятро мефаҳмонам. Ӯ бо Азиз ҳамсӯҳбат шавад. Аз ӯ дида, домоди хуб барои духтарам нест. Ҳамагӣ барои сарвату давлатам мехоҳанд бо духтари ягонаам издивоҷ кунанд. Аммо Азиз дигар аст...

Саъдӣ бо Ҳалим маслиҳат кард. Ҳалим низ ин кори Саъдиро тарафдорӣ карду бо Азиз вохӯрд, вале...

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД