arzon replenishment
Конибодом ба духтурони соҳибтаҷриба ниёз дорад
681

 

Шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба 48 нафар табибон талабот доранд. Ҳарчанд барои ҷалби омӯзгорону табибон ба кор имтиёзҳои дигар низ дода мешавад, аммо ин мавзуъ то ҳол беҳбудӣ мехоҳад.

"Ба шаҳри Конибодом 25 нафар табибони оилавӣ намерасад, ки 52 фисати талаботро ташкил менамояд. Дар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ Абдусалом Тухтатунзода раиси шаҳри Конибодом ба журналистон маълумот дод".

“Ҳамчунин мо ба 3 нафар духтурони занона, 1 нафар табиби навзодон, 6 нафар табиби эҳёгари калонсолон, 2 нафар табиби бемориҳои руҳӣ ва саратоншиносу эндокринолог талабот дорем ”- гуфт шаҳрдор.

Мувофиқи маълумотҳо ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд асосан табиби оилавӣ ва духтури наҷот ва беҳискунӣ намерасад. Барои бартараф намудани ин камбудӣ масъулин бо донишҷӯёни Донишгоҳҳои тиббӣ корбарӣ намудаанд.

Бояд зикр кард, ки дар шаҳри Конибодом 2 ҳазору 191нафар кормандони тиб фаъолият мебаранд, ки нисбат ба соли 2021, 81 нафар кормандони тиб кам шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД