Arzon march 2024
Констатин Волков: “Вақте Тоҷикистон мегӯянд, муҳоҷирон ва моҷароҳои марзӣ ба ёдам мерасад”
644


Вақте дар Русия аз Тоҷикистон мегӯянд, аввалин мавзӯе, ки дар фикри ман пайдо мешавад, муҳоҷират ва баъдан низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, ки дар ВАО-и Россия васеъ баррасӣ мешавад…

photo_2022-06-22_16-26-45

Константин Волков, хабарнигори “NEWS RU” имрӯз дар вохӯрии рӯзноманигорони тоҷик ва рус, ки дар бинои “Руский дом” баргузор гашт, ин нуқтаро ба хабарнигори сомонаи “ОИЛА ТҶ” қайд намуд.

Ин журналисти шинохтаи рус мегӯяд, муҳоҷират мушкили аксари кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад ва мардони рус ҳам барои кори хуб пайдо кардан ба давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла, Германия, Австрия, Фаронса муҳоҷират менамоянд.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин мушкилиҳои ҷодаи рӯзноманигорӣ, аз ҷумла бо душвориҳо рӯ ба рӯ гаштани хабарнигорон зимни таҳияи хабарҳои фаврӣ ва инъикоси мавзӯъҳо, дастнорас гаштани сомонаҳои хабарӣ ва ғайра баррасӣ гаштанд.

photo_2022-06-22_16-26-46

Маҳз ба мавзӯи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва моҷароҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ишорат кардани ин журналисти рус беҳуда нест, зеро ҳамасола ҳазорон нафар муҳоҷирони тоҷик ба хотири дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон ба Русия сафар мекунанд ва тез-тез қаҳрамони нигоштаҳои журналистни рус мегарданд.

photo_2022-06-22_16-26-44

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД