goodwell
Конститутсия пояи устувори давлатдории тоҷикон мебошад
92

 

Имрӯз, 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдод дар шароити душвори таърихӣ интихоби роҳи давлатдории муосир ва танзими муносибатҳои ҷамъиятиро дар асоси қонун ифода намуд. Қонуни асосӣ аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, сохтори давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон, фаъолияти мақомоти ҳокимият ва асосҳои муносибатҳои хориҷиро муайян менамояд.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин санаҳо дар матни расмии Конститутсия сабт гардидаанд.
Тағйиру иловаҳои соли 1999, аз ҷумла ба ташаккули парламенти думаҷлиса замина гузоштанд. Дар натиҷа Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар низоми ҳокимияти қонунгузор ҷойгоҳи муайян пайдо карданд.
Конститутсия устувории пояҳои давлатдориро ҳифз мекунад. Моддаи 100 арзишҳои бунёдии муайянро тағйирнопазир эълон менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2024 дар суханронӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия таъкид намуданд, ки хусусиятҳо ва арзишҳои ин санади олии ҳуқуқӣ боис гардидаанд, ки он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф шавад.
Эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ, кафолати баробарӣ дар назди қонун, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва эҳтироми санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда заминаҳои муҳими ҳамгироии ҳуқуқии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Татбиқи пайвастаи ин принсипҳо ба таҳкими эътимоди шарикони хориҷӣ ва рушди ҳамкории баробарҳуқуқу судманд мусоидат менамояд.
Меъёрҳои марбут ба таҳсил ва эҷоди илмӣ барои густариши робитаҳои донишгоҳҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва олимон аҳамият доранд. Барномаҳои муштараки таълимӣ, табодули академӣ ва таҳқиқоти байналмилалӣ вақте ба рушди миллӣ бештар хизмат мекунанд, ки натиҷаашон дар омодасозии кадрҳо, дастрасӣ ба дониш ва ҳалли масъалаҳои ҷумҳурӣ зоҳир гардад.
Ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён, риояи одоби илмӣ ва эҳтироми моликияти зеҳнӣ бояд ҷузъи муҳими чунин робитаҳо гардад. Шиносоӣ бо фарҳанги якдигар, омӯзиши забонҳо метавонад эътимоди байни ҷомеаҳоро афзун намоянд. Барои Тоҷикистон пайванди худшиносии миллӣ бо муколамаи фарҳангҳо имкони муаррифии мероси маънавӣ ва ҳамзамон истифодабарӣ аз таҷрибаи ҷаҳониро фароҳам меорад. Ҳамкории хориҷӣ бояд дар сифати зиндагии мардум, рушди дониш, омодасозии мутахассисон ва таҳкими сулҳу субот натиҷа диҳад. Дар ҳамин пайванд рисолати Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат ва роҳнамои ояндаи Тоҷикистон мазмуни зинда пайдо мекунад.

Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ,
ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД