Commerc banl
Кормандони БДА амалиёти «Тасмаи бехатарӣ–муҳофизи шумо дар роҳ”-ро гузарониданд
04.03.2026
Оила
41

Кормандони БДА амалиёти «Тасмаи бехатарӣ–муҳофизи шумо дар роҳ”-ро гузарониданд

Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва тарғиби истифодаи ҳатмии тасмаи бехатарӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ–муҳофизи шумо дар роҳ»-ро гузарониданд.

Зимни иқдоми мазкур аҳамияти риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро шарҳ дода шуда, ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд. Таъкид карда шуд, ки истифодаи тасмаи бехатарӣ метавонад хатари ҷароҳатҳои вазнинро ҳангоми садама ба маротиб коҳиш дода, ҷони инсонро наҷот бахшад.

Истифодаи тасмаи бехатарӣ кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст. Мутаассифона, баъзе ронандаҳо аҳамияти тасмаи бехатариро нодида гирифта, танҳо дар ҳолати мушоҳида кардани кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дар айни замон дар мавзеъҳое, ки камераҳои мушоҳидавии роҳ насб гардидаанд, онро дарҳол барои ҷарима нашудан мебанданд.

 

         

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД