«КОРВОНИ КИТОБ» ВА НАМОИШИ КИТОБҲОИ НАВ ДАР КӮЛОБ
Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ба китобхонаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин зиёда аз 2700 нусха китоб бурдааст, ки маблағи он ба маблағи 90 ҳазору 522 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар додааст.
“Ҳамзамон, дар назди қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо намоишҳои китоб баргузор гардида, имкони шиносоӣ ва дастрасӣ ба осори тозанашр фароҳам оварда мешавад,”-омадааст дар хабар.
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» бо мақсади бою ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳо ва баланд бардоштани завқи китобхонии мардум дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ шудааст.