Arzon april 2022
Кошонаи ҳусн дар хона Оё зан метавонад бо дасти худаш аз худ малика созад?
25.12.2021
Zebo
698

Ҳар як зан дар дил орзуи мисли малика зебо шуданро дорад, хоса дар иду айём, вале аксари хонумҳо дар арафаи Соли нав сарҳисоби корашонро гум мекунанд. Либосу ороишоти зиёдеро дар рӯйи хона паҳну парешон карда, зан намедонад кадом куртаашро пӯшад ва аз кадом крему тену туш истифода барад. Мегӯянд, соли навро чӣ хеле пешвоз бигирӣ, тамоми сол ҳамон хел мегузарад, бинобар ин, мо қарор додем ба бонувони азизе, ки мухлиси сомонаи Оила. ТЧ ҳастанд, барои зебову дилкаш гаштан кӯмак расонем.

Барои зебосанам гаштану мисли парӣ хушрӯй намудан ба кошонаи ҳусн рафтан шарт нест. Дар шароити хона ҳам зан метавонад бо дасти худаш худро ба малика табдил диҳад. Барои ин танҳо баъзе сирру асрори зебоиро донистан лозим ва омодагиро ба соли нав як ҳафта пеш сар кардан лозим аст.
Инак: агар дар хона малҳам-пилинг дошта бошед, онро ба рӯятон молед. Мабодо чунин малҳам надошта бошед, ба докачае собуни кӯдаконаро молида мағзоба кунед ва каме намаки майда пошида бо эҳтиёт пӯсти мавзеи пешонӣ, рухсораҳо, бинӣ ва зерманаҳатонро бо ин докача молиш диҳед. Пӯсти атрофи чашм ва лабҳоро нарасед.
Пас аз ин рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Агар пӯстатон равғанин бошад, ниқобҳои хушккунандаи пӯстро истифода баред.
Ниқоб аз сафедии тухм: сафедии як дона тухмро лат зада ба он чанд қатра шарбати лимӯ чаконед.

Агар пӯстатон хушк бошад, ниқоби ғизобахш ва нармкунанда молед.
Зардии тухмро бо 1 қошуқча асал лат зада, ним қошуқча равғани растанӣ (беҳтараш зайтун)-ро илова намоед ва ба рӯятон молед.

Барои тамоми намудҳои пӯст ниқоби «бомаза»-ро истифода бурдан мумкин аст. Банан, шафтолу, киви, зардолу ва меваҳои дигарро бо чангак лат зада ба рӯятон молед. Аз сабзавотҳо помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва ғайраро аз турбтарош гузаронида ба рӯятон молида метавонед.
Баъдан ба рӯятон малҳами нармкунанда ё ғизобахш молида, ба рангу бори рӯй оғоз намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД