Arzon march 2024
Кулчақанди “Гунбаз”
643


                                  Маҳсулоти лозима:
350 – 360 грам – орд
120 грам – маска
40 грам – шакар
150 грам – сметана ё қаймоқ
10 грам – маводи кововкунанда
5 грам – ванелин
Барои ороиш:
Шоколад, мураббо ё ширқиём (варёнка)
Чормағз
1 қошуқ – хокаи шакар

                         Тарзи тайёр кардан
Дар зарфе орд ва маскаро бо дастамон умоч мекунем, баъд ба он 2 қошуқ шакар илова карда, камидигар бо қошуқ омехта мекунем ва ба он 1 зарди тухм, сметана ё қаймоқ, маводи ковоккунанда андохта, то яклухт шуданаш хуб омехта мекунем.

"Хамир, ки омода шуд, онро муддати 50 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем, то ки дам гирад, сипас аз хамир зуволачаҳо сохта, ҳар якашро тунук мекунем ва дар байнаш шоколад, мураббо ё ширқиём (варёнка) рехтаю аз болояш каме мағзи чормағз пошида мепечонем."

Ба қолаб равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем ва кулчақандҳоро дар он мечинем.
Кулчақадҳоро дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 20 дақиқа пухтан лозим аст. Болояшонро бисёр сурх намекунем, то ки тиллоранг шаванд. Баъди пӯхтан болояшонро ба хокаи шакар оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД