Кумитаи андоз дар нимсолаи якуми соли 2026 нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба андозаи 123,3% таъмин намуда, ба буҷети давлатӣ 17 млрд 402,5 млн сомонӣ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млрд 292,4 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, гуфт: “Аз ҷониби кормандони кумита 22,4 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии андозӣ ошкор карда шуда, ба маблағи умумии 113,0 млн сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шудаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 101,0 млн сомонӣ маблағ ворид гаштааст”.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 тавассути POS-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар маҷмуъ 3,7 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ гузаронида шудааст.