sebiston july new
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мураббии хорватиро қадр кард
1133
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мураббии хорватиро қадр кард

 

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, ки таҳти роҳбарии ӯ тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бомуваффақият баромад кард, унвони «Мураббии дараҷаи олии Тоҷикистон оид ба футбол»-ро гирифт. Ин унвон бо фармони раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ба Петр Сегрт дода шуд.

Қобили зикр аст, ки дар нахустин бозии худ дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон натиҷаи арзанда нишон дод. Дар маҷмуъ, дастаи мо дар Доҳа панҷ бозӣ гузаронд. Шогирдони Петр Сегрт дар марҳилаи гурӯҳӣ бо Чин мусовӣ (0:0) карда, аз Қатар шикаст хӯрданд (0:1) ва бар Лубнон (2:1) пирӯз шуданд.

Дар даври 1/8 ниҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабро (0:0, 5:3 аз рӯйи пеналти) мағлуб намуд, аммо дар марҳилаи чорякниҳоӣ аз тими миллии Урдун (0:1) шикаст хӯрд. Дар натиҷа дастаи мо ба ҳаштгонаи беҳтаринҳои Ҷоми Осиё-2023 ворид шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД