arzon replenishment
Кумитаи кор бо занон ба сокинон машварати ройгон медиҳад
455

 

“Дар шаш моҳи соли равон 5 ҳазору 370 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 895 ҳолат камтар аст, вале омори худкушӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Худкушӣ дар байни занону духтарон нисбат ба мардон бештар аст”, - гуфт имрӯз Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни нишасти хабарӣ.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба маълумотҳои расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар, Вазорати адлия ва дигар ниҳодҳо гуфт:

“Дар шаш моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 228 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолат бештар мебошад. Аз шумораи умумии афроди даст ба худкушӣ зада 109 нафарашон занону духтарон ва 22 нафар ноболиғон буда, боқӣ мардоне ҳастанд, ки бо сабабҳои гуногун даст ба худкушӣ задаанд. Мутаассифона, ҳодисаҳои худкушии занон тамоюли афзоиш дошта, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 6 ҳолат бештар мебошад”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Сабабҳои асосии худкушӣ ба қавли раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ, шароити душвори иқтисодӣ ва бемориҳои рӯҳӣ мебошанд. Аз ҷумла, бо сабаби бемории рӯҳӣ доштан 53 нафар, бар асари зӯроварӣ дар оила ва муноқишаҳои хонаводагӣ 17 нафар ва бо иллати шароити вазнини моддӣ 4 нафар даст ба худкушӣ зуда, сабаби қасди ҷони худ намудани 112 нафари дигар маълум нест.

Қобили зикр аст, ки дар шаш моҳи соли равон ба Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила 1204 нафар муроҷиат намудаанд, ки 1075 нафарашон занон ва 129 нафар мардон мебошанд. Кормандони масъули Кумитаи кор бо занон ва оила бо ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом дода, ба онҳо кӯмаки равонию ҳуқуқӣ мерасонанд.

Бо мақсади расонидани кӯмаки равонию ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила телефони боварӣ бо рақами кӯтоҳи 1313 амал мекунад ва занону духтароне, ки ба зӯроварӣ дучор гаштаанд, метавонанд ба ин рақам занг зада, ба таври ройгон машварати равонию ҳуқуқӣ бигиранд.

Тавре ки Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 851 оилаи нав ташкил ёфта, расман аз қайди давлатии ақди никоҳ гузаштаанд, ки ин боиси хушнудист.

“Барои коҳиш додани талоқ ва пешгирии вайроншавии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон мо ноҳия ба ноҳия, ҷамоат ба ҷамоат, деҳа ба деҳа гашта, бо мардум хеле корбарӣ кардем. Мо қариб ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҳатто ба ноҳияҳои дурдасттарин сафар кардем ва бо оилаҳое, ки мушкил доштанд, рӯ ба рӯ сӯҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Хушбахтона талошҳоямон самари хуб дода, талоқ хеле кам шудааст”, - гуфт Раиси Кумитаи кор бо занон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД