Arzon march 2024
Куштор дар назди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хӯҷанд
4525

 

Дар рӯзи равшан дар наздикии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров бо ҳам даъво ва моҷаро сар карда, дар натиҷаи лату кӯб як нафари онҳо ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарар ивазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 5-уми июни соли 2019, соати 14:00, дар ҳолати мастӣ дар майдони «Регистон»-и бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо марди 52-солаи сокини ноҳияиБобоҷон Ғафуров, даъво карда бо дасташ ба сару рӯйи ҳарифаш зарбаҳои марговар задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба халокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати марди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бомоддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД