Этапи 1: Хоббӣ ҳамчун қувваи махсус
Супориш: Хоббии худро номбар кун ва муайян намо, ки он ба дигарон чӣ манфиат медиҳад.
Этапи 2: Нишаи худро ёб
Супориш: Аудиторияеро муайян намо, ки маҳсулот ё хизматрасониат ба он беҳтарин муносиб аст. Барои онҳо чӣ муҳим аст? Ту ба онҳо чӣ чизи нодир пешниҳод карда метавонӣ?
Этапи 3: Сохтани MVP (маҳсулоти оддии аввалин)
Супориш: Маҳсулот ё хизматрасонии оддие фикр кун, ки метавонӣ аз он оғоз намоӣ: як маҳсулот, як видео, як машварат ё мини-курс.
Этапи 4: Тест кардани таваҷҷуҳ
Супориш: Тасаввур намо, ки пост дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависӣ. Чӣ гуна маҳсулотатро муаррифӣ мекунӣ, то одамон таваҷҷуҳ кунанд?
Этапи 5: Презентатсияи идея
Супориш: Дар 1 дақиқа бигӯй, ки хоббии ту чӣ гуна метавонад бизнеси муфид гардад.
Сохтор:
• Ту чӣ кор мекунӣ?
• Хусусияти беназири ту дар чист?
• Мизоҷони ту киҳоянд?
• Ту чӣ пешниҳод мекунӣ?
ФИНАЛ: Иштирокчиён овоз медиҳанд барои идеяҳои:
• Хело аслӣ;
• Амалӣ ва воқеӣ;
• Илҳомбахш ва рӯҳбаландкунанда.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#