35 years of independency
Латукӯби бераҳмонаи як кӯдаки хурдсол
08.09.2026
Oila.tj
39

Дар шабакаҳои иҷитимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он як марди ҳузарб духтарчаи хурдсолеро бераҳмона латукӯб мекунад.

Навор шабона бардошта шуда, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит сабт шуданаш маълум нест, вале садои гиряи ҷонкоҳи як кӯдак ва зорию таваллои зане ба гӯш мерасад, ки “ако, бас акнун” гӯён, аз мард хоҳиш мекунад, ки озор ва латукӯбӣ кӯдаки бегуноҳро бас кунад, вале мард баръакс бештар ба ғазаб омада, аз мӯйи сараш кашолакунон кӯдакро, ки зоҳиран духтарчаи 6-7-сола менамояд, ба хона медарорад ва бо лагад зада, бераҳмона латукӯб мекунад. Духтарак “дадаҷон, дадаҷон” гӯён зорӣ мекунад, аммо мард, ки эҳтимолан падар, тағо ё амакаш аст, ба гиряҳои зори кӯдак аҳаммият надода, зӯровариро идома медиҳад...

Умедворем, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз пайи таҳқиқи ин навори видеоӣ шуда, шахсияти мард ва духтарчаи ҷабрдидаро муайян менамоянд ва ба ин кирдор баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД