sebiston july new
Лӯлакабоби шоҳона
2665

 

                Масулоти лозима:

800гр гӯшти лаҳм,

100гр равғани думба,

2-пора нон,

0.5 истакон шир,

1-дона тухм,

1-дона сирпиёз,

2-дона картошка,

2-бех пиёз,

1-дона сабзӣ,

Томат, мурчи кӯфта ва намак мувофиқи табъ.

                   Тарзи таҳия:

Гӯштро аз гӯштқиммакунак мегузаронему нони дар шир таркарда, пиёзи дар равған бирёнкарда, картошка, сабзӣ, ду пора сирпиёз ва равғани думбаро якҷоя аз гӯштқиммакунак мегузаронем ва бо қиммаи гӯшт якҷоя мекунем. Бори дигар аз гӯштқиммакунак мегузаронему баъд тухм меандозем ва мурчи кӯфтаю намак мепошем. Аз қиммаи тайёршуда лӯлаҳои ғафсияшон аз тухм калонтар тайёр мекунем ва ба орд ҷӯлонда дар равғани тафсон мезирбонем. Пас аз ин лӯлаҳоро ба мантупазак чида тақрибан 30 дақиқа буғпаз мекунем. Лӯлакабобҳои пухтаро ба табақчаҳо кашида, бо пюреи картошка ва макарони ҷӯшонидашуда ба дастархон мегузорем. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД