shoh palace
Торт бо “сгушенка”
08.01.2022
ОИЛА
5872

 

Маҳсулоти лозима:

1 бонка ширқиём

2 тухм

1 ст орд

1 қошуқча соддаву сирко

Барои қабати торт:

мураббои суюқ

қаймоқ ва шакар

 

Тарзи таҳия:

Ширқиёму тухмҳоро омехта карда ба он орд ва содаву сирко андозед ва хамир шӯред. Хамир бояд қаймоқмонанд бошад. Ба лаълии тафдон коғази пергамент густурда, равған молед ва хамирро рехта, дар тафдони гарм 15-20 дақиқа пазед. Кулчаи пухтаро хунук кунонда аз коғазаш ҷудо кунед ва ба чанд қисм буред.

Барои малҳам қаймоқро бо шакар лат занед. Барои мулоимшавии қабатҳои торт каме шакарро дар об ҳал кунонда, ба қабатҳои торт пошида, баъдан қаймоқ молед. Кулчаҳои тортро рўи ҳам чида, тортро бо креми аз 200 г равғани маска ва 8-10 қошуқ ширқиёми латзадашуда тайёркардаатон оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД