Маблағи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёд карда шуд
139

Соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмун соҳиби 140 ҳазор сомонӣ хоҳад гашт. Барои ғолибони ҷойи аввал 70 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 миллиону 670 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани завқи китобхонии насли наврас ва тақвияти нерӯи зеҳнии онҳо, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2026 озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД