sebiston july new
МАДИНАИ САИДЗОД: БА ҚАДРИ САЛОМАТӢ БИРАСЕД!
1555

Рӯзноманигор ва овозхони ҷавон Мустафои Раҷабзод дар саҳифаи фейсбукаш аз шифо ёфтани сарояндаи дигари кишвар Мадинаи Саидзод хабар додааст. Чанде қабл сомонаи "Оила" аз гирифтор шудани ин сарояндаи эстрада ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш хабар дода буд.

Мадина сараввал аз даргоҳи Худо шукргузор асту баъдан аз табибон ва ҳама нафароне, ки бо дуо дар ҳақаш аз Худо шифо талаб карданд. "Ба тамоми гуфтаҳои табибон риоя кардам ва шукри Худоям, ки ба пурагӣ шифо ёфтам Дирӯз баъди ташхиси ренгенӣ шушҳоям комилан сиҳат баромаданд. Ашки шодӣ аз чашмонам рехт. Баъди беморхона рост ба дидорбини аҳлу оила рафтам. Ягонаписарам Муродҷонро дидаму худро хушбахтарин инсон ҳис намуда, шукргузорӣ кардам ба Худоям". Мадина зери назорати табибони беморхонаи маъруф ба "1 Советский" мудати 17 рӯз дар хонааш табобат мегирифт. "Аввалан Худо, баъдан табибону дуоҳои яко- яки Шумо буд, ки шифо ёфтам, мардуми шарифи ватанам. Сипосмандам аз ҳама дӯсту рафиқону ҳамкорону азизон, ки дар муддати бемориям ҳолпурсӣ карда, бо суханони хубашон тасаллиам медоданд. Аз ҳар гӯшаи ватан рӯзе набуд, ки то 10 -15 занги телефонӣ набошад. Ҳангомае ҳам паҳн шуд, ки гӯё ман дар ҳолати вазнин қарор доштам, аммо вақте худам ба зангҳои  телефонӣ ҷавоб мегуфтам, онҳо хурсандона ором мешуданд. Мамнунам аз лутфи ҳама дӯстони интернетӣ, ки ҳамарӯза ҳолпурсиам мекарданд. Мухлисонам, халқи азизам, Шумо ҳастед, ки санъати мо пеш меравад. Ҳама кӯшиши корҳои эҷодии мо баҳри болидаруҳии тамоми Шумост. Ҳамеша бе ғам бимонеду худ ва наздиконатонро эҳтиёт намояд. Ба қадри саломатӣ бирасед. Боқӣ шоду масрур бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД