Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон як зумра тоҷикони муқими кишварҳои дигар ба Ватан омадаанд. Аз ҷумла, ситораи рақси тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Қаландарова. Аҷиб он аст, ки дар ин рӯҳо ин ҳунарманди номвар ҷашни зодрӯз ҳам дорад. “Dialog.tj” саҳифаҳои дурхшони зиндагии Малика Қаландароваро варақгардон кардааст, ки онро манзури шумо мегардонем.
Муаррифгари рақси тоҷик
Яке аз раққосони машҳури тоҷик Малика Қаландарова, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, 2-уми сентябри имсол 76-сола шуд. Номи ӯ бо рақси тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ ҳунар ва рақси тоҷикиро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуд ва дар мусоҳибаҳои гуногуни худ бо расонаҳо борҳо гуфтааст, ки рақс ӯро на фақат дар Тоҷикистон, балки дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Номи ӯ ҳамоно бо рақси тоҷикӣ, саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ва таърихи фарҳанги тоҷикон дар хориҷ аз кишвар пайванд дорад.
Нахустин роҳи эҷодии ӯ аз Душанбе оғоз шуда, то ба саҳнаҳои Маскав, Париж, Токио, Деҳлӣ ва шаҳрҳои дигар расид. Малика Қаландарова дар замони шӯравӣ ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи рақси тоҷик табдил ёфт ва баъди муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ӯ ҳунари рақсии худро дар он ҷо давом дод.
Ӯ дар хонаводаи яҳудиёни Бухоро ба дунё омада, дар муҳити фарҳангии Душанбе ба воя расид. Он вақт ҳич кас намедонист, ки ин духтари ҷавон рӯзе ба яке аз маъруфтарин раққосаҳои Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Қадами аввалини ӯ ба саҳнаи рақс
Соли 1965 ансамбили нави рақсии “Лола” барои қабули ҳунармандон эълон дод. Малика Қаландарова он вақт 15-сола буд. Духтарони зиёд барои иштирок дар озмун довталаб шуда буданд. Малиқа Қаландарова дар ин озмун баранда шуд ва аввалин қадамҳои худро дар саҳнаи рақси тоҷик боҷуръатона гузошт. Малика Қаландарова мехост худро санҷад, вале вақте навбати дигарон расид ва санҷиш ба охир наздик шуд, ба ӯ чунин менамуд, ки касе ба ҳунараш аҳамият надодааст.
Ӯ рӯ ба роҳбарони ансамбл, балетместери маъруф Ғаффор Валаматзода оварду як суол дод: “А ман?” ин ду калима роҳи ӯро тағйир доданд ва ба Малика имконият дода шуд, ки рақс кунад. Ҳунарнамоии ӯ роҳбарияти ансамбилро ба ҳайрат овард ва духтари 15-сола ба ҳайати “Лола” пазируфта шуд. Нахустин рақси ӯ дар саҳнаи касбӣ “Ҷигарпора” буд. Аз ҳамин лаҳза фаъолияти раққосагии Малика Қаландарова оғоз шуд ва баъдтар номи ӯ берун аз хоки Тоҷикистон низ машҳур шуд.
Вақте як рақс ситора месозад
Малика Қаландарова бо гузашти айём аз як раққосаи ҷавон ба чеҳраи асосии саҳна табдил шуд. Дар репертуари ӯ рақсҳои “Духтари хандон”, “Шодиёна”, “Баёти панҷ”, “Гули бахт”, “Духтари кӯҳсор” ва “Зулайхо” ҷо гирифтанд. Яке аз муҳимтарин лаҳзаи фаъолияти рақсии ӯ дар соли 1973 анҷом ёфт. Ӯ бо рақси “Шодиёна” баҳои баланди балетмейстери машҳури Шӯравӣ Игор Моисеевро сазовор шуд. Баъди ин Малика Қаландарова дар ансамбили Моисеев дар шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ кард ва рақсҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Ҷавонӣ” ва “Куртачакан” -ро иҷро намуд.
Ҳунари ӯ ба яке аз василаҳои муаррифии Тоҷикистон табдил ёфт. Тамошобинони хориҷӣ шояд забони тоҷикӣ ва таърихи кишварро намедонистанд, вале ба воситаи ҳаракатҳои раққоса бо як бахши фарҳангӣ ошно мешуданд.
Аз Душанбе бо саҳнаҳои рақс дар Амрико
Малика Қаландарова бо ансамбили “Лола” ба кишварҳои зиёд сафар намуд. Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Белгия, Олмон ва Ҷопон аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки ӯ дар онҳо ҳунарнамоӣ мекард. Репертуари ӯ фақат бо рақси тоҷикӣ хулоса намешавад. Ӯ рақсҳои афғонӣ, ҳиндӣ, ҷопонӣ, туркӣ, хоразмӣ, испанӣ, арабӣ ва русиро иҷро менамуд.
Бо вуҷуди ин, рақси тоҷикӣ ҳамеша дар маркази фаъолияти ӯ қарор дошт. Малика Қаландарова дар бисёр ҳолатҳо либоси саҳнавии худро худаш интихоб мекард. Либосҳои рангоранг, ҳаракатҳои дақиқи дасту сар ва ифодаи чеҳраи ӯ ба намоишҳо хусусияти хос мебахшиданд. Сафарҳои ҳунарии ӯ баъзан моҳҳо идома мекард. Барои як раққосаи ҷавони тоҷик чунин сафарҳо нафақат имконияти ҳунарнамоӣ, балки имкони муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ба ҷаҳон буданд.
Унвонҳое, ки роҳи ӯро тасдиқ карда буданд
Шуҳрати Малика Қаландарова тадриҷан бо унвонҳои давлатӣ низ эътироф шуд. Соли 1984 бошад, ӯ ба яке аз баландтарин унвонҳои ҳунарии замони Шӯравӣ - Ҳунарпеши халқии СССР мушарраф гардид. Худи ҳамон сол Малика Қаландарова ҷоизаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмориро гирифт.
Ин унвонҳо фақат рӯйхати мукофотҳои як ҳунарманд набуданд, балки онҳо нишон медоданд, ки рақси тоҷикӣ дар симои Малика Қаландарова ба сатҳе расида буд, ки дар берун аз Тоҷикистон низ эътироф мегардид.
Малика Қаландарова танҳо дар саҳнаи театру толорҳои консертӣ ҳунарнамоӣ накардааст. Ӯ дар чанд филми “Тоҷикфилм” низ ширкат дошт. Аз ҷумла, дар филмҳои “Зумурад”, “Арӯсу домод”, “Достони Рустам”, “Тӯфон дар водӣ”, “Боз як шаби Шаҳрзод” ва “Шералӣ ва Ойбарчин” рақс ва ҳунарнамоӣ кардааст.
Ҳамин тавр, симои ӯ на фақат дар хотираи тамошобинони театр, балки дар наворҳои кино низ боқӣ монд.
Ҳиҷрат ба Амрико ва оғози як зиндагии дигар
Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар саҳифаи зиндагии Малика Қаландарова як саҳифаи нав боз шуд. Ӯ соли 1953 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба шаҳри Ню-Йорк кӯчид. Дар ин шаҳр зиндагӣ барои ӯ, ки солҳо дар саҳнаҳои бузург буду шуҳрат дошт, осон набуд. Малика Қаландарова дар Амрико дар ибтидои зиндагӣ аз рақс даст кашид ва роҳи зиндагияш бо тиҷорат пайванд хӯрд. Ӯ дар марказҳои тиҷоратӣ кор мекард ва худ иқрор мешавад, ки қабули ин кор ва машғул нашудан ба рақс барояш осон набуд. Ӯ мегӯяд, ки вақте аз ҳисоби тиҷорат хона хариду зинагияш аз нигоҳи иқтисодӣ беҳтар шуд, дубора ба санъати рақс рӯ овард. Баъди чанд сол ӯ дар хонаи худ як студияи хурди рақсиро таъсис дод. Дар аввал дар ин студия кӯдакон аз оилаҳои бухороӣ ва муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ рақс меомӯхтанд. Бо гузашти вақт студия рушд кард ва ба мактаби рақсии Малика Қаландарова табдил шуд. Дар ин мактаб ба ҷавондухтарон рақсҳои тоҷикӣ, бухороӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, туркӣ ва дигар навъҳои рақсҳои миллӣ омӯзонида мешуд. Малика Қаландарова мехост он чизе, ки солҳои зиёд дар саҳнаҳои бузург ба мардум нишон додаро ба насли ҷавон расонад.
Бо вуҷуди зиндагии чандинсола дар Амрико, Малика Қаландарова робитаи худ бо Тоҷикистонро қатъ накард. Ӯ дар як мусоҳиба гуфта буд, ки “Душанбе ва Тоҷикистон ҳамеша бо ман ҳастанд”.
Ӯ баъди муҳоҷират ба Амрико чанд бор ба Тоҷикистон сафар кард ва дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат намуд. Соли 2004 дар ҷашни 80-солагии Душанбе ва дар соли 2009 дар як барномаи консертӣ дар пойтахт ҳунарнамоӣ намуд.
Барои Малика Қаландарова Душанбе фақат шаҳре набуд, ки дар он таваллуд шудааст. Ин шаҳр оғози тамоми роҳи ҳунарии ӯ буд.
Ҳунари рақсаш то ба Амрико расид
Яке аз корҳои муҳимми Малика Қаландарова дар Амрико тарбияи шогирдон аст. Ӯ шогирдони зиёдеро дар Амрико тарбия намуда, то ба сатҳи устоди рақс расонд. Шогирдони ӯ имрӯз ҳунари рақсиеро, ки аз ӯ гирифта буданд, ба насли нав меомӯзонанд. Дар соли 2020 Малика Қаландарова мактаби рақсии худро ба яке аз шогирдонаш супурд. Бо вуҷуди ин, ӯ аз ҳаёти мактаб канор нарафт ва ҳамеша ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба чорабиниҳои он меравад. Барои ӯ як масъала ҳамеша муҳим боқӣ мондааст: рақси миллӣ набояд дар миёни фарҳангҳои дигар гум шавад. Аз ин рӯ, Малика Қаландарова вақте дид, ки рақсҳои муосири ғарбӣ дар барномаҳои мактаб ҷойи бештар мегиранд, таъкид намуд, ки мактаби ба номи ӯ бояд рақсҳои миллӣ, аз ҷумла рақсҳои тоҷикиро дошта бошад. Ин мавқеъ тасодуфӣ набуд, зеро барои Малика Қаландарова рақс фақат касб набуд, балки он як роҳи нигоҳ доштани хотираи фарҳангӣ буд.
Ситорае, ки ҳанӯз аз саҳнаи рақс дил накандааст
Бо вуҷуди он ки шаш даҳа аз оғози фаъолияти эҷодии Малика Қаландарова гузаштааст, ҳанӯз номи ӯ дар робита ба санъати рақсии тоҷик садо медиҳад. Духтаре, ки дар соли 1965 дар синни 15 - солагӣ бо як суоли одии “А ман?” ба саҳна роҳ ёфта буду дар назди ҳазорон тамошобин дар кишварҳои гуногун рақсида буд, унвони Ҳунарпешаи халқии СССР -ро гирифт ва фарҳанги тоҷикро то ба Амрико бурд. Қиссаи зиндагии Малика Қаландарова ба як давраи муҳими фарҳанги Тоҷикистон пайванд аст. Даврае, ки рақси миллӣ аз саҳнаҳои Душанбе ба шаҳри бузурги ҷаҳон рафт.
Вақте як ҳунарманд метавонад фарҳанги худро ба ҳазорҳо километр дур барад ва дар кишвари дигар ба кӯдакон омӯзонад, ки чӣ гуна ба оҳанги тоҷикӣ рақс кунанд, мероси ӯ дигар фақат хотираи гузашта нест, балки он ба як анъанаи зинда табдил меёбад.