formula
Маълум шуд, ки тоҷикон кай ба Туркия мераванд
822

Гуруҳи наҷотдиҳандагон Тоҷикистон шоми имрӯз тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Туркия мераванд. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи “Оила” иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳамроҳ бо гуруҳи наҷотдиҳандагон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин кишвари аз зилзила зарардида кӯмаки башардӯстона мефиристад. Гурӯҳ имрӯз соати 14:00 дар пойгоҳи наҷотдиҳандагони Кумита, воқеъ дар минтақаи дар Лучоб, ҷамъ меоянд.

Гуфта шуд, ки дар миёни ин ҳайат ҳашт нафар наҷотдиҳанда аз вилояти Хатлон низ ҳастанд ва аз миёни кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳашт мутахассиси беҳтарин интихоб шудаанд. Онҳо то бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар онҷо мемонанд.

ТАБИБОНИ ТОҶИК БА ТУРКИЯ МЕРАВАНД

Қаблан иттилоъ дода будем, ки наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуда, дар чораҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар иштирок мекунанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯмак ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Туркия ситоди махсус дар ҳайати 50 нафар наҷотдиҳанда ва гуруҳи табибон, аз ҷумла шикастабанд, ҷарроҳ ва дигар табибон ташкил шудааст, ки онҳо рӯзҳои наздик сафар мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки субҳи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷа ба вуқуъ пайваст. Манбаи заминларза бо маркази он дар минтақаи Пазарҷики вилояти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр ҷойгир будааст. Дар вилоятҳои Ҳатай, Газиантеп, Килис, Османия, Малатия, Адияман, Шанлиурфа, Диёрбекир, Одона ва Қаҳрамонмараш харобиҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд. Хушбахтона, дар он касе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб надидааст. Ёдовар мешавем, ки дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД