arzon replenishment
Ман бо хуни ҷигар пул кор кардаму шавҳарам ҷип харид
12.03.2023
Mahina
4528


Зиндагӣ мисли борон аст. Гоҳе ҳавояш тира асту гоҳи дигар самояшро нурҳои офтоб доман паҳн мекунанд. Ман як зан, модари муҳоҷири тоҷик ҳастам. Аз субҳи солеҳон то нимашабӣ дар ошхонаи озариҳо кор мекунам. Пули хуб мегираму онро ба Ватан мефиристам.

Аммо аҷибаш ин аст, ки ман зан ҳастаму кор мекунам, вале шавҳарам дар хона мешинад. Баъди марги падару модарам худро танҳо эҳсос мекардам. Азбаски то ҳол соҳиби хонаи худ нестам, шавҳарамро зорӣ кардам, ки “биё, ҳамроҳ рафта, миёна маҳкам баста, кор кунем”.

Шавҳарам розӣ нашуда гуфт, ки “ман қуввати дар сохтмон кор кардан надорам. Ту рав, кӯдаконро худам нигоҳубин мекунам”. Мани ҳайратзада ноилоҷ ба хотири ба даст овардани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират омадам. Дар ду сол каме пул ҷамъ кардам.

Ба шавҳарам гуфтам, ки бо ин маблағ замин харида монад. Аммо дирӯз хушдоманам хабар дод, ки пулҳои бо арақи ҷабин кор кардаи маро шавҳарам барои харидорӣ намудани мошини ҷип сарф кардааст.

Хонандаи азиз, ба андешаи шумо дар посухи ҳамин рафтори шавҳарам ман бояд чӣ гӯяму чӣ кор кунам?
М, аз шаҳри Перм.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД