sebiston july new
Фонди кӯмак ба занони аз офатҳои табиӣ зарардида ташкил карда шавад
349

Айни замон дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Муколамаи занони Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин бора Фирӯза Сатторӣ, хабарнигори Oila.tj, ки дар чорабинӣ ширкат дорад, иттилоъ дод.

Ба иттилои мухбир, нишасти мазкур дар доираи вохӯрии панҷуми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии “Наҷоти Арал” бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон доир шуда истодааст. Ҷамъомадагон мавзӯи “Ноил гаштан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйиребии иқлим дар Осиёи Марказӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ифтитоҳ намуд. Дар он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарбаева Танзила, муовини раиси Парлумони Қазоқистон Еспаева Дания Мадиевна, муовини Торага Жогорку Кенеши Қирғизистон Ҷамила Исаева, раиси Шӯрои марказии занони Туркменистон Дурдиева Ақҷемал, муовини роҳбари шуъбаи мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Наталя Герман ва намояндаи махсуси смм дар Осиёи Миёна Имнадзе Каха ширкат ва доранд ,ки давоми рӯз суханронӣ хоҳанд кард.

Қабл аз оғози ҳамоиш барои меҳмонон ва иштирокчиёни чорабини намоиши ҳунарҳои миллии тоҷикона ташкил карда шуда, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои дастӣ, аз қабили ороишоти заргарӣ, куртаҳои адрасу атласу чакан, ҷузвдони занонаи дастдӯз ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар чорабинӣ 160 нафар занони фаъоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд. Аз ҷумла, Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ пешниҳод кард, ки Фонди кӯмак ба занони аз офатҳои табиӣ зарардида ташкил карда шавад. Пешниҳоди мазкур мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Аз идора: Аз ҷараёни Муколамаи мазкур давоми рӯз иттилоъ хоҳем дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД