formula
Манзура Саидова: Модарам намехостанд, ки актрисса шавам, вале...
466


“Мехоҳам танҳо қадам бизанам дар ин шабҳои сардӣ бо худ гуфтугӯву баҳс кунам, худ ба худ биҷангам, ки чанд сол аст дар фикри ман нестӣ. Мехоҳам чашмонамро бипӯшам то гузаштаамро пеши назар оварда бо имрӯзам қиёс карда, бигӯям ҳайф шудаӣ.

Мехоҳам даст бикашам аз дард гуфтанҳо, аз шикоят карданҳо, валекин наметавонам, чун кабки қафасӣ танҳо ва танҳо орзу карда метавонаму халос”. Замоне аз ишқ мегӯянд, ки ошиқ бошанд, ё вақте аз дард мегӯянд, ки дардманд бошанд. Қаҳрамони имрӯзаи мо низ аз аҳли дарду хотирот аст, аммо бо сабти таронаҳои дардноку ғамангез дар саҳифаи “Ютуб” барои худ ҷойгоҳе сохтааст.

Манзура Саидова ҳунарманди ҷавон дар санъати тоҷик аст, ки дар бисёр филмҳои тарбиявӣ ва видеоклипҳо нақшофарӣ кардааст. Ҳамзамон ба ҳайси як ҳунарпешаи моҳир дар театри “Оина” фаъолият дорад.

-Ровӣ, режисёр, ҳунарманд кадоме аз ин пешаҳо ба шумо писанд аст?
-Албатта ҳунарпеша, вале маро ҳамчун ровӣ ҳам мешиносанд, зеро чанд муддат дар радиои фарҳанг фаъолият доштам. Модарам мехостанд журналист шавам ва то ҳол аз интихоби ман розӣ нестанд. Аз хурдсолӣ мехостам дар олами санъат фаъолият дошта бошам, аммо хати тақдир маро ба Донишгоҳи омӯзгорӣ овард. Баъдан, соли 2016 ба ҳайси ҳунарпеша дар театри Оина ба кор даромада, қадам ба қадам ба орзуҳоям наздик мешудам.

-Чӣ боиси тағийр ёфтани нақшаҳоятон шуд?
-Шавқу рағбати зиёд ба ҳунар. Аз сабабе, ки дар як қишлоқи дурдасти Панҷакент ба дунё омадаам, мардуми мо дарку тафаккурашон дигар буд. Ҳунарманд шудан ба ақидаи мардуми мо мафҳуми хуб надошт. Дар хона ҳам тасмими маро чандон дастгирӣ накарданд. Бо гузашти вақт пайвандонам то чӣ андоза ба ин пеша рағбат доштанамро дарк карданд ва бо амри қисмат ҳаёти ман ба дунёи ҳунар гиреҳ хӯрд.

-Яъне, шумо тарки соҳаи омӯзгорӣ кардед?
- Не, аниқтараш донишгоҳро хатм накарда, оиладор шудам. Омӯзгорӣ касби хуб аст ва то андозае бо ҳунармандӣ робита дорад. Чун омӯзгор омӯзонанда аст ва ҳунарманд бо иҷрои нақшҳои мусбату манфӣ то ҷое ба тамошобин фарҳанги зиндагӣ меомӯзад.

-Чаро маҳз театрро интихоб намудед?
-Театр оинаи зиндагӣ аст. Ҳунарманд вақте як нақшро бозӣ мекунад, ҳамчун нақшофар не, балки худро дар он нақш эҳсос мекунад, ки баргирифта аз зиндагии одамон аст. Театр маконест, ки аз дардҳоямон мегӯем, ҷоест ки бо тамошобин наздикем. Дар саҳна эҳсоси тамошобинро дар вуҷуди худ ҳис мекунӣ.

-Имрӯзҳо ҳунармандони ҳамсинну соли шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғуланд. Шумо низ мехоҳед аз ҳаёти театр бурун оед?
-Ростӣ, намехоҳам аз театр берун оям. Лекин вақтҳои охир дар клиптаронаҳо нақш мебозам. Баъд дар филмҳои хурди тарбиявӣ низ фаъолиятро оғоз кардаам.

-Шуморо ҳамчун ҳунарманд аз рӯи кадом нақшатон мешиносанд?
-Дар як филм нақши роҳрӯбро бозидам, ки баъд аз он маро дар кӯчаҳо бинанд, Шарора гӯён садо мекунанд. Воқеан ин як ҳисси хуб аст, ки туро бишносанд, ҳаводорат бишаванд, ҳунаратро қадр намоянд.

-Бароятон шӯҳрат муҳим аст, ё танҳо ба хотири шавқу алоқаатон бо ҳунар дар ин ҷода фаъолият доред?
-Албатта шӯҳрат муҳим аст. Орзу дорам, ки ҳамун ҳунарманд шӯҳрат пайдо намоям.
-Дар ҷое гуфтаед, ки ҳунарманд бояд дастнорас бошад. Фикр намекунед, вақте вориди чаманзор бишаванд, гулеро мебӯянд, ки аз ҳама бештар ба чашм аён бошад.

-Албатта дар чаманзор гулҳое, ки аз боди сарсарӣ алвонҷ мехӯранд, бештар таваҷҷуҳро ҷалб месозанд. Вале намехоҳам зиндагии ман мисли он гул ба чашм намоён бошад. Ҳунарманд бояд тавре зиндагӣ кунад, ки ҳаёташ барои тамошобин ноаён бошад, вале бар замми ин шавқовар. Ман ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолам, аммо намехоҳам мисли бархеҳо фаъолияти рӯзмарраи худро дар равзанаи ба қавле "история " инъикос намоям. Чун то кунун дар ин андешаам, ки ҳунарманд бояд дастнорас бошад.

-Шояд намехоҳед ҷомеа аз ҳаёти шахсиатон бохабар бошад?
-Аслан, ягон асрори муҳиме надорам, ки онро аз одамон пинҳон нигоҳ дорам. Шукри Худованд оиладор ва соҳиби як писарча ҳастам.

–Дар шарҳи як навори видеоии шумо дар шабакаи Ютуб нафаре навиштааст "ҳамиқа ҳамин духтар мада маҳқулай". Чунин навишта шавҳари шуморо нороҳат намесозад?

 

-Ростӣ, боре шарҳҳои навиштаи одамонро намехонам, аммо шавҳарам дар чанд вақт як бор аз назар мегузаронад. Албатта, нороҳат мешавад, вале ин касби ман аст ва ӯ маро хуб дарк мекунад.

-Албатта барои машҳур шудан талош бояд ва ин талош бе қурбонӣ намешавад?
-Оре, ҳунарманд шудан қурбонӣ металабад. Ёд дорам, боре барои филмбардорӣ даҳ рӯз аз шаҳр берун рафта будам. Ҳол он ки писарчаам ҳанӯз чандмоҳа буд. Рӯз аз рӯз бузург шудани ӯро кам мушоҳида мекунам, ки аз ин нороҳат ҳастам.

-Айни замон ба чӣ корҳо машғул ҳастед?
-Дар чанд филм нақшҳо дорам, дар яке аз филмҳо нақши марказиро мебозам, ки рӯзҳои наздик пешкаши мухлисони синамо хоҳад гардид. Ҳамзамон дар сабти якчанд клиптаронаҳо низ иштирок карда истодаам.

-Барои шумо парвози баланд дар осмони санъатро мехоҳем.
-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!
Суман Убайдуллозода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД