formula55
Маош ва стипендия то 25 дарсад боло меравад!
634


"Аз 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 фоиз, кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳамчунин нафақаи заминавӣ 20 фоиз ва суғуртавӣ на кам аз 16 фоиз зиёд карда шавад. Дигар нафақаҳо низ 20 фоиз зиёд карда шавад".
Ҳамасола дар Паёми хеш, Сарвари давлат маоши кормандони буҷавӣ , стипендия ва нафақаро аз 15 то 20 фоиз боло мебардоранд.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо операторони мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои баланд бардоштани сифат ва арзон кардани арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет чораҳои муассир андешанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД