Солҳои охир вайроншавии оилаҳо дар ҷомеаи мо зиёд ба назар мерасад. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзан ҳатто сабабҳои ночизе аз қабили ҷиҳози қиматбаҳо наовардани арӯс боиси пош хӯрдани оилаи ҷавон мегардад. Гоҳо волидайн фарзандашонро маҷбур мекунанд, ки ҳамсарашонро талоқ диҳанд. Чунин воқеа ба сари як дӯсти ман омад. Ӯ занашро талоқ дода, пушаймон шуд. Акнун мехоҳад, ки ҳамсарашро “ҳалола” карда, дигарбора бигирад. Дини ислом ба ин чӣ назар дорад?
САДРИДДИН, ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Яке аз сабабҳои афзудани теъдоди талоқ дар ҷомеа огоҳ набудани ҷавонон аз аҳкоми никоҳу талоқ мебошад. Мардон ҳангоми шунидани хабаре нисбати ҳамсари худ аз сари қаҳру ғазаб якбора ибораи тақдирсӯзи « се талоқ»-ро ба забон меоранд, ки дигар ҷои бозгашт надоранд.
Гоҳо чунин мешавад, ки баъди се талоқ додани мард ҷонибҳо аз карда пушаймон гашта, ба ҳуш меоянд. Вақте ба фикри кўдакони хурдсол меафтанд ва чеҳраҳои ҳайрону бегуноҳи онҳо пеши назар меояд, хонаву ашёи он тақсим мешавад, баъд ба хатои кардаашон пай мебаранд, вале пушаймониву хостгори сулҳу оштӣ шудан дигар фоида надорад, зеро баъди «се талоқ» зан бар шавҳар ҳаром гашта, дигар руҷуъ (бозгашт) имкон надорад. Агар мард занро ноҳақ (бе ягон сабаби ҷиддӣ, масалан беҷогардӣ) талоқ дода бошад, зулм аст, чунки дигар камбудиҳоро, ғайр аз беҷогардии зан, ислоҳ кардан осон мебошад. Бисёриҳо баъди ҷудошавӣ аз карда пушаймон гашта, фатво мекобанд, то дубора ҳамсари собиқашонро ба никоҳи худ дароранд. Иддае ба ин тоифаи мардон «маслиҳат» медиҳанд, ки ба хотири дубора гирифтани зани собиқаш бояд ягон нафар ҳамсари ўро тавассути никоҳи муваққатӣ «ҳалола» кунад, яъне шахсе чанд муддат бо он зан никоҳ карда, зиндагӣ намояд, баъд ӯро талоқ диҳад, то шавҳари аввалааш дубора бигирад.
Дар ҳадиси набавӣ ба марде, ки ба чунин амал розигӣ медиҳад ва он марде, ки зани он шахсро «ҳалола» мекунад, лаънат омадааст. Мақсад аз никоҳ бояд зиндагии доимӣ башад, на муваққатӣ. Дар сурати муваққатӣ будани никоҳ оила муқаддасии худро гум мекунад, бинобар ин дар зиндагӣ ҷиддӣ рафтор карда, одоби оиладориро бояд риоя намуд, то кор ба ҷудоӣ накашад.