formula
Марде, ки аз бехонагӣ дар шохи дарахт зиндагӣ мекунад
07.05.2022
ОИЛА
1388


Дар кишвари Покистон мардеро, ки аз маҷбурӣ дар дарахт зиндагӣ ихтиёр кардааст, Тарзан ном мебаранд.

Баъди аз даст додани волидонаш Фармон бе хонаву дар монду нафаре аз хешовандон ӯро ба хонааш роҳ надод. Баъди андешарониҳои зиёд ба қароре омад, ки дар болои дарахти воқеъ дар наздикии шаҳр зиндагӣ мекунад. Фармони 28-сола бо мардикорӣ нони даҳонашро меёбад, зеро аксарият бар ивази меҳнаташ ба ӯ пул неву маҳсулоти хӯрока медиҳанд. Хонаи ӯ аз бамбук, чӯбу тахтаҳои куҳна ва матоъҳо сохта шуда, ҳамзамон дар дохили он дастшӯяк, оташдони хурд, чароғак ва асбоби нерӯгирӣ ҷойгир карда шудаанд. Фармон чандин маротиба ба ҳукуматдорон муроҷиат карда бошад ҳам, то ҳанӯз касе ба додаш нарасидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД