Arzon march 2024
Марде, ки бо пӯсти ҳайвонот ҷодугарӣ мекард ба чанг афтид
984


Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як марди афғон, ки дар Тоҷикистон бо ҷодугарӣ машғул будааст, хабар медиҳад. Ин ба ном соҳири машҳур аз вилояти Кундузи Афғонистон буда, ҳангоми ҷодугарӣ дар шаҳри Ҳисор ба чанг афтидааст.


Қурбон Гелдӣ Насриддан зодаи вилояти Қундузи Афғонистон буда, муввақатан дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекард. Ин марди афғон бо истифода аз содагию зудбоварии мардум худро ҳамчун ғайбдон ва соҳири беназир нишон дода, бо баҳонаи гарму хунук кардани муносибатҳои байни зану шавҳар, кушодани гиреҳи сеҳру ҷоду, кушоиши кор ва табобати бемориҳои гуногун аз одамон пули калон гирифта, онҳоро гӯл мезадааст.

Кирдори авомфиребонаи ин соҳири афғон аз ҷониби кормандони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ошкор шуда, дар арфти амалиёт аз манзили Қурбон Гелдӣ Насриддан ба миқдори зиёд қулфу калид, оҳанрабо, пусти ҳайвонот, мех, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзану ришта ва тӯмору таштоб дарёфт карда шудааст. Аз рӯи нишондоди худи фолбин гӯё ӯ бо воситаи ин ашёҳои бе ҷон амалҳои сеҳру ҷодуро анҷом дода, гиреҳи мушкилоти мизоҷнашро мекушодааст.

Нисбати Қурбон Гелдӣ Насриддан тибқи талаботи моддаи 482-и КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима татбиқ гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД