Arzon march 2024
МАРДИ 60 - СОЛА БО ДУХТАРИ 9 - СОЛА ХОНАДОР ШУД
5635

Бино ба иттилои портали маълумотдиҳии «Дурбин» як марди 60 - сола дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо духтари 9 - сола хонадор шуд. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои гуногун ва мавҷи интиқодҳои зиёдро ба бор овард.

Гуфта мешавад, ки якчанд рӯз қабл видеои маҷбуран хонадоршавии ин духтар дар интернет паҳн гардид. Видеои мазкур ҷомеаи шаҳрвандии дунёро ба ташвиш овард. Дар навор дида мешавад, ки наврасдухтари 9 - сола аз ин кор нарозӣ асту аз ҳозирин илтиҷои кӯмак мекунад. Лекин иштирокчиёни “тӯй” ба илтиҷои ӯ ва гиряҳои наздиконаш эътибор надода, баръакс кашолакунон духтаракро ба куҷое мебаранд.

Ҷомеаи Тоҷикистон, махсусан духтарони тоҷик, аз ин кор дар таҳлука афтида, дар шарҳи навори мазкур бисёр суханҳои дардомез навиштаанд. Тавре як нафар ҷавондухтар менависад, “миллати тоҷик бояд шукрона аз Истиқлолият намояд. Имрӯз духтари тоҷик дар Тоҷикистон ҳуқуқ дорад озодона зиндагӣ ва таҳсили илм намояд”.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир издивоҷи шахси 60 - сола бо духтари 9 - сола бадбахтие беш нест. Шояд башариятро месазад дар ин бора андешаду аз баъзе рукнҳое, ки худсохтанду барои имрӯз нолозим аст, даст кашад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД