35 years of independency
Марди асил аз нигоҳи занону духтарон
23.09.2026
Oila.tj
106

Одамизод бе хато ва камбудӣ намешавад, аммо аксари занону духтарон кӯшиш мекунанд, ки риштаи ҳаёташонро бо мардони ҳақиқӣ, яъне мардони асил бипайванданд. Марди асил ё марди идеалӣ кист ва бояд чӣ гуна хислатҳо дошта бошад? Бо ин савол мо ба ду нафар бонувон муроҷиат намудем ва инак фикру андешаҳои онҳоро пешкашатон месозем.

ЗЕБУНИСО, муаллима:

Зани асил мардро марди асил мекунад

- Шахсан ба фикри ман, ягон кас аз модараш марди асил таваллуд намешавад. Мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам зан. Барои мардро ба маънии томаш мард сохтан зан бояд талош намояд. Марде, ки хонуми хуб дорад, оҳиста-оҳиста ба зинаҳои баланд мерасад, вале зани бефаросат марди бузургро низ хору ҳақиру нотавон месозад. Беҳуда Ҳаким Фирдавсӣ нагуфтааст:

Зани хубу фармонбару порсо

Кунад марди дарвешро подшо.

МАДИНА, тарҷумон:

Дар замони мо аз мардони асил ному нишон намондааст

- Ба фикрам дар замони мо марди асил намондааст. Шахсан ман то имрӯз марди асилро вонахӯрдаам. Қариб ҳама мардон занҳоро хор мекунанд, дашному ҳақорат медиҳанд, мезананд ва ҳуқуқҳояшонро поймол месозанд. Мардони асил ким-кайҳо мисли динозаврҳо мурда рафтаанд. 

Хонандагони азиз, шумо чӣ фикр доред? Марди асил кист ва бояд чӣ гуна хислатҳо дошта бошад? Андешаҳоятонро дар шарҳ-комментария нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД